Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Баргузории боз як суд дар роҳи баргардонии парвандаи куштори Ҳувайдо ба тафтишот

© gerechtigkeits.deДевочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк
Девочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Парвандаи Ҳувайдо то ҳол ба дасти тафтишот нарасидааст. Ҷониби ҳимояи хонаводаи ҷабрдида боварӣ дорад, ки дер ё зуд ҳатман ин парванда ба анҷом расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фардо, 22 июн дар Додгоҳи вилоятии Маскав баррасии додгоҳии парвандаи куштори пурсарусадои духтараки 5-солаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав Ҳувайдо Тиллозода баргузор мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон ҷониби ҳимояи хонаводаи Ҳувайдо Шавкат Умаров хабар дод.
Тавре ҷаноби Умаров тавзеҳ дод, ин баррасии судӣ боз ду масъалаеро, ки пештар буд, аз нав дида мебарояд.
"Ин тамдиди ҳабси Александр Сёмин ва дубора ба тафтишот равон кардани парванда мебошад", - тавзеҳ дод вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора пештар Суди вилоятии Маскав қарори марбута қабул карда буд.
"Суди вилоятии Маскав қарорашро қабул карда буд, лекин ҷониби ҳимояи боздоштшуда ба суди аппелятсионӣ шикоят карданд. Ҳамин шикоятро суди аппелиатсионӣ баррасӣ карда, як ду хатогии протсесуалӣ ёфт, ки начандон ҷиддӣ аст, аммо бо ҳамин асос қарор боз ба судяи нав баргардонида шуд, то онро аз сари нав дида, баррасӣ кунад", - таъкид мекунад ҳомии ҳуқуқ.
Родители Вайдо в доме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Дастури вазир: ба хоҳари 5-солаи Ҳувайдо кӯмак расониданд
Фардо бояд суд дар ҳайъати нав ин масъаларо дида барояд ва қароре қабул шавад, меафзояд Шавкат Умаров.
Вай шарҳ дод, ки чаро суди аппелятсионӣ чунин қарорро қабул кард.
"Ин масъала пештар буд ва қарор қабул карда шуда буд, аммо бо он далел, ки дар он ҷо як хатогӣ роҳ дода шуд, ки ба мӯҳлат вобаста буд, апплятсия чунин шуморид, ки ин хатогии протсесуалӣ бояд ислоҳ карда шавад ва аз нав ба суд равон кард", - мегӯяд Умаров.

Суд дар роҳи баргардонидани парванда ба додгоҳ

Шавкат Умуров мегӯяд, ин баррасиҳои додгоҳие, ки феълан баргузор мешавад, суди аслӣ нестанд, балки дар роҳи баргардонидани парванда ба тафтишот доир карда мешаванд.
"Бояд дар кард, ки ин суди аслӣ нест, ки масъалан ҳукм барорад, балки барои он аст, ки парвандаро ба додгоҳ равон кунад. Судест, ки мушкилиҳои оперативиро, ки сар мезананад, ҳал мекунад", - афзуд ҳуқуқшинос.
Ба қавли Шавкат Умуров суди аслӣ эҳтимол дорад, ки пас ах 3-4 моҳ баргузор шавад.
"Дар назар аст, ки суди аслӣ агар ҳамааш хуб шавад, тафтишот тамом шавад ва ташхиси нав посухҳоро диҳад, эҳтимол дорад, баъди се-чор моҳ баргузор шавад", - қайд мекунад вай.

Чаро парванда аз "тафтишот берун шуд"?

Шавкат Умаров дар посух ба ин суол мегӯяд, ин равандҳои додгоҳист, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст ва ҷои нигароние надорад.
"Масалан, пештар суд масъалаи равон кардани Александр Сёминро ба табобат баррасӣ карда буд, тахшис ӯро бемор нишон дод. Додгоҳ ӯро ба табобати маҷбурӣ равон кард. Сипас, табибон ба хулоса омаданд, ки ӯ сиҳат шуд. Суд боз масъалаи онро мебинад, ки ҳоло парванда ба тафтишот баргардонад, то муфаттиш онро пурра ба наҷом расонад ва то айбнома пешниҳод кунад, сипас он парванда ба додгоҳ пешниҳод карда мешаваду дар анҷом суд ҳукм содир кунад", - тавзеҳ медиҳад вай.
Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2020
Ду моҳ интизор мешавем: ҳомии падари Ҳувайдо гуфт, чаро суд баррасии парвандаро бозистонд
Ба гуфтаи Умаров, боздоштшуда, бештар аз ду моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.

Ҷониби Сёмин вақтро мебурад?

Шавкат Умаров қайд мекунад, ки аслан ҷониби ҳимояи Александр Сёмин тамоми корҳоеро анҷом дода истодаанд, ки баррасии парвандаро тӯл кашанд. "Аммо дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ки аст, мо монеагӣ карда наметавонем", меафзояд вай.
"Мо кӯшиш карда истодаем, ки парванда ба тафтишот баргардонида шавад ва тафтишот баъзе амалиётҳоеро, ки анҷом надодааст - амалиётҳои прусиш, тафтишотии рӯбарукунониро анҷом дода, айбномаро эълон намуда ва баъд парвандаро ба прокурор ва сипас ба суд равон карда мешавад. Мо хоҳиш дорем, имкон дорем, ки кор ба охир расад. Фақат вақт лозим аст. Нафаре, ки дар ин ҷиноят даст дорад, ҷазо хоҳад гирифт", - гуфт дар анҷом вай.

Куштори Ҳувайдо дар Серпухов

Соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Сёминро ба додгоҳ оварданд ва ба ҳабс гирифтанд
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд. Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, ҳукм содир нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0