https://sputnik.tj/20210412/huvaido-kushtor-russia-madad-1035402615.html
Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад
Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
.Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода кӯмак мехоҳад
2021-04-12T17:47+0500
2021-04-12T17:47+0500
2021-04-28T16:09+0500
дар тоҷикистон
куштор
кӯмак
дар русия
ҳувайдо
қазияи куштори ҳувайдои ғӯрамарг дар серпухов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102686/33/1026863386_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4abbbc3b4bd81502a97682c3968f20e3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.Тавре Саидов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Фархунда Тиллозода, соли таваллудаш 2016 гирифтори фалаҷи майнаи сар аст ва ниёз ба табобат дорад.Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад."Модари фарзандам низ бинобар ба нигоҳубини махсус ниёз доштани кӯдаки бемор кор карда наметавонад", - меафзояд мард.Ба қавли падари Ҳувайдои марҳум, ин бори дувум аст, ки ӯ аз мақомот дасти ёрӣ мехоҳад. "Рӯз то рӯз саломатиаш бад шуда истодааст. Аз вазир хохиш мекунам, ки агар имконият бошад, духтари маъюбамро дар ягон беморхонаи ватанӣ табобат кунанд ё дар табобати ӯ дар хориҷ мусоидат намоянд. Аз раиси шаҳри Кӯлоб хоҳиш дорам, ки ба воситаи шуғли аҳолӣ ва буҷаи Кӯлоб кӯмаки моддӣ расонанд", - мегӯяд вай.Феълан, Фархунда Тиллозода бо модараш Нигина Саидова дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд.Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод. Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст. Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.
https://sputnik.tj/20210408/huvaido-kudak-kushtor-sud-1035101693.html
https://sputnik.tj/20201121/Du-mo-intizor-meshavem-omii-padari-uvaydo-guft-charo-sud-barrasii-parvandaro-bozistond-1032317707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102686/33/1026863386_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_c2aaa8eacdc4564530112fbcd57820c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, куштор, кӯмак, дар русия, ҳувайдо
дар тоҷикистон, куштор, кӯмак, дар русия, ҳувайдо
Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад
17:47 12.04.2021 (Навсозишуда: 16:09 28.04.2021) Падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки ғӯрамарги муҳоҷири тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон дар табобати хоҳари бемори Ҳувайдо мадад мехоҳад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.
Тавре Саидов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Фархунда Тиллозода, соли таваллудаш 2016 гирифтори фалаҷи майнаи сар аст ва ниёз ба табобат дорад.
Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад.
"Модари фарзандам низ бинобар ба нигоҳубини махсус ниёз доштани кӯдаки бемор кор карда наметавонад", - меафзояд мард.
"Духтурони Маскав гуфтанд, ки агар кӯдак сари вақт табабат шавад, имконияти раҳо ёфтанаш аз ин беморӣ аст. Мо имконияти табобати пулакӣ надорем, дар ҳоле ки Фархунда сари вақт бояд табобат гирад. Маблағамон ҳатто барои харидани дору намерасад", - шикоят мекунад Саидов.
Ба қавли падари Ҳувайдои марҳум, ин бори дувум аст, ки ӯ аз мақомот дасти ёрӣ мехоҳад.
"Рӯз то рӯз саломатиаш бад шуда истодааст. Аз вазир хохиш мекунам, ки агар имконият бошад, духтари маъюбамро дар ягон беморхонаи ватанӣ табобат кунанд ё дар табобати ӯ дар хориҷ мусоидат намоянд. Аз раиси шаҳри Кӯлоб хоҳиш дорам, ки ба воситаи шуғли аҳолӣ ва буҷаи Кӯлоб кӯмаки моддӣ расонанд", - мегӯяд вай.
Феълан, Фархунда Тиллозода бо модараш Нигина Саидова дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд.
Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст. Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.