https://sputnik.tj/20210705/avvalin-firoriho-badahshon-tojikiston-nusay-tolibon-1040640253.html
Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*
Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезиши мардумии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи фишори Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
2021-07-05T09:28+0500
2021-07-05T09:28+0500
2021-07-24T14:43+0500
дар тоҷикистон
бадахшон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
марз
суқут
фирорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040496342_0:86:1800:1099_1920x0_80_0_0_b4817b0119c56bc6ad096e75db261991.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 230 афсару сарбози пулис, марзбонӣ, вазорати дифоъ, амният ва хезиши мардумии вулусволии Нусай бидуни ҷанг деҳаи Нусай, маркази ин вулусволиро ба Толибон* таслим карданд ва бегоҳи дирӯз, 4 июл, ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ин аввалин мавриди паноҳ бурдани низомиёну ҷангиёни хезишҳои мардумии Афғонистон дар пайи фишори Толибон* ба Тоҷикистон нест. Тибқи иттилои Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 22 июни соли равон дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи Толибон* ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Кундуз ҳудуди 134 сарбози ҳукуматӣ ва хезиши мардумии Афғонистон тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён ба Тоҷикистон гузаштанд.Бино ба ин манбаъ, 27 июн 17 низомии дигар аз вулусволии Калдори вилояти Балх тариқи минтақаи сарҳадии Шаҳритус ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Ҳамчунин шоми 3 июл аз вулусволиии Хоҳони Бадахшони Афғонистон бештар аз 300 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон тариқи ду дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба худуди Тоҷикистон гузаштанд. Суқути вулусволии Нусай дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш вулусволиҳои Шикай ва Куфоб дар минтақаи Дарвозҳои Бадахшони Афғонистон низ аз сӯи Толибон* забт шуданд, аммо ба зудӣ нерӯҳои ҳукуматӣ бо иттифоқи хезишҳои мардумӣ онҳоро бозпас гирифтанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, то ба ҳол Толибон аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 – тояшро забт кардааст. Дирӯз дар Тахор, вилояти дигари ҳаммарз бо Тоҷикистон, охирин вулусволии он – Варсач низ суқут кард ва 16 вулусволии ин вилоят таҳти султаи Толибон* қарор дорад. Шаҳри Толиқон – маркази ин вилоят – танҳо ҷуғрофиёест, ки таҳти идораи нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ қарор дорад ва пурра муҳосира шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, Толибон аз моҳи май ба ин сӯ беш аз 150 вулусволӣ дар саросари Афғонистонро пурра таҳти султаи худ қарор додаанд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210704/suhbat-tefoni-rahmon-ghani--1040638189.html
https://sputnik.tj/20210704/afghoniston-posh-mehurad-qism-dushanbe-toshkand-megirand-1040632773.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040496342_142:0:1742:1200_1920x0_80_0_0_cdff93c002c6c3109c64ff3cb54610dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, бадахшон, толибон, суқут
тоҷикистон, афғонистон, бадахшон, толибон, суқут
Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*
09:28 05.07.2021 (Навсозишуда: 14:43 24.07.2021) Нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезиши мардумии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи фишори Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 230 афсару сарбози пулис, марзбонӣ, вазорати дифоъ, амният ва хезиши мардумии вулусволии Нусай бидуни ҷанг деҳаи Нусай, маркази ин вулусволиро ба Толибон* таслим карданд ва бегоҳи дирӯз, 4 июл, ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.
“Ба хотири ҷилавгирӣ аз харобиҳо ва нарехтани хуни ноҳақ нерӯҳои мо тасмим гирифтанд, ки аз тариқи посгоҳи Рузвай – Нусай ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Кишвари дӯст ба хотири поси арзишҳои башарӣ ва ҳамсоядорӣ ин нерӯҳоро паноҳ дод. Аммо мо ба зудӣ вулусволиро дигарбора ба даст хоҳем гирифт”, - гуфт ин манбаъ.
Ин аввалин мавриди паноҳ бурдани низомиёну ҷангиёни хезишҳои мардумии Афғонистон дар пайи фишори Толибон* ба Тоҷикистон нест.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 22 июни соли равон дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи Толибон* ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Кундуз ҳудуди 134 сарбози ҳукуматӣ ва хезиши мардумии Афғонистон тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён ба Тоҷикистон гузаштанд.
Бино ба ин манбаъ, 27 июн 17 низомии дигар аз вулусволии Калдори вилояти Балх тариқи минтақаи сарҳадии Шаҳритус ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Ҳамчунин шоми 3 июл аз вулусволиии Хоҳони Бадахшони Афғонистон бештар аз 300 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон тариқи ду дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба худуди Тоҷикистон гузаштанд.
Суқути вулусволии Нусай дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш вулусволиҳои Шикай ва Куфоб дар минтақаи Дарвозҳои Бадахшони Афғонистон низ аз сӯи Толибон* забт шуданд, аммо ба зудӣ нерӯҳои ҳукуматӣ бо иттифоқи хезишҳои мардумӣ онҳоро бозпас гирифтанд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, то ба ҳол Толибон аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 – тояшро забт кардааст. Дирӯз дар Тахор, вилояти дигари ҳаммарз бо Тоҷикистон, охирин вулусволии он – Варсач низ суқут кард ва 16 вулусволии ин вилоят таҳти султаи Толибон* қарор дорад.
Шаҳри Толиқон – маркази ин вилоят – танҳо ҷуғрофиёест, ки таҳти идораи нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ қарор дорад ва пурра муҳосира шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Толибон аз моҳи май ба ин сӯ беш аз 150 вулусволӣ дар саросари Афғонистонро пурра таҳти султаи худ қарор додаанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.