"Афғонистон пош мехӯрад": як қисми онро Душанбе ва Тошканд мегиранд

© REUTERS \ Omar SobhaniАфганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан
Афганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Ҳамалоти ҷангиёни Толибон* дар Афғонистон ҳамарӯза қавитар мегардад. Бо гузашти ҳамагӣ якуним моҳ онҳо ҳудудҳои забтнамудаи худро дучанд гардонданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Оё Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон афғонҳоеро қабул хоҳанд кард, ки ба сарбозони амрикоӣ кӯмак кардаанд? Низоъ дар кишвар кай хотима меёбад? Ва дар кадом шароит музокироти сулҳ миёни ҷангҷӯён имконпазир аст? Дар ин бора роҳбари собиқи яке аз хадамоти махсуси Исроил Яков Кедмӣ дар сӯҳбат бо Sputnik ибрози назар намуд.

ИМА вайрон карду рафт

Ҳоло ИМА ва дигар аъзои эътилоф нерӯҳои худро аз қаламрави Афғонистон хориҷ мекунанд. Як рӯз пеш Вашингтон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хост, то тақрибан нӯҳ ҳазор паноҳандаи афғонро муваққатан қабул кунанд.

"Агар дар байни афғонҳои фирорӣ тоҷикон бошанд, пас, албатта, Тоҷикистон онҳоро қабул хоҳад кард, агар ӯзбекҳо, пас маълум аст, ки Ӯзбекистон низ онҳоро қабул хоҳад кард. ИМА муттаҳидони худро тарк кард", - изҳор дошт Кедмӣ.

Вашингтон исрор меварзад, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иктишоф аз қаламрави худ иҷоза диҳанд. Кедмӣ қайд мекунад, ки на Русия ва на Чин, ки ба Афғонистон хеле наздиктаранд, розӣ нахоҳанд шуд, ки ҳама сохторҳои марбут ба ИМА дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият кунанд.
"Бо амрикоиҳо чӣ гуфтушунид метавон кард? Бигзор худи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилотро бо террористон ҳал кунанд, амрикоиҳо метавонанд на танҳо авзои онҳоро тира кунанд, балки барои Русия ва Чин ҳам мушкил эҷод намоянд", - шарҳ дод Кедмӣ.

Русия кумак хоҳад кард

Ба гуфтаи коршинос, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба дастгирии Федератсияи Русия умед банданд. Маҳз бо ҳадафи ҳимоят аз террористон дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 Русия ҷойгир аст.
"Агар системаи ҳамкории Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ бошад, пас Русия метавонад кӯмак кунад. Ҳадди аққал ҳоло Русия Округи марказии ҳарбиро тақвият медиҳад, ки он низ масъули фазо аз марзи Русия то Афғонистон мебошад ", - шарҳ медиҳад Кедмӣ.

Кобул муқовимат карда наметавонад

Ба гуфтаи Кедмӣ, давлатҳои хориҷӣ ба низоъ дар қаламрави Афғонистон дахолат карданӣ нестанд ва Кобули расмӣ қудрати кофӣ барои муқовимат ба Толибонро нахоҳад дошт.
"Дер ё зуд Кобул муқовимат карда наметавонад. Ва чӣ гуна ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқро Русия ва Чин ва инчунин давлатҳои наздисарҳадӣ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳал мекунанд", - пегбинӣ мекунад ӯ.
Эҳтимол дорад, ки кӯшишҳои созмонҳои террористии исломӣ барои ворид шудан ба Осиёи Марказӣ танҳо афзоиш ёбанд, мегӯяд Кедмӣ
Кедмӣ сенарияи ғайричашмдошти рушди муноқишаро пешбинӣ кард, ки ин ҳамроҳ шудани минтақаҳои ӯзбеку тоҷикнишини Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Дар ин ҳол, қаламрави таҳти назорати Толибон метавонад танҳо бо минтақаҳои паштуни Афғонистон маҳдуд карда шавад.
Дар ҳоли ҳозир ӯзбекҳо ва тоҷикон умдатан дар шимоли Афғонистон ба сар мебаранд.
"Террористон ихтиёран чунин иқдом нахоҳанд кард, онҳо танҳо вақте розӣ хоҳанд шуд, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад. Бо онҳо гуфтушунид кардан бефоида аст", таъкид мекунад Кедмӣ.
*созмони дар Тоҷикстон ва Русия мамнӯъ
Лентаи хабарҳо
0