https://sputnik.tj/20210704/suhbat-tefoni-rahmon-ghani--1040638189.html
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ: Президент аз убури низомиёни афғон нигарон аст
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ: Президент аз убури низомиёни афғон нигарон аст
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз убури иҷбории низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт 04.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-04T19:05+0500
2021-07-04T19:05+0500
2021-07-04T20:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
ашраф ғанӣ
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/56/1022535683_0:0:3664:2061_1920x0_80_0_0_19a174e4c15efd7b0615f5dec062fb6c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Раисҷумҳурон аз ҷумла ба вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави ба таври маҷбурӣ фирор кардани низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён қайд намудааст, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.Вазъият феълан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳамалоти Толибон* ҳамарӯза қавитар мегардад ва онҳо ҳудуди минтақаҳои таҳти тасарруфи худро васеътар намуда истодаанд.
https://sputnik.tj/20210704/mashqho-rusiya-tojikiston-afghoniston-1040635478.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/56/1022535683_172:0:3424:2439_1920x0_80_0_0_4e6c0af49c919e9d38a2709e8c321953.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, афғонистон, ашраф ғанӣ, суҳбати телефонӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, афғонистон, ашраф ғанӣ, суҳбати телефонӣ
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ: Президент аз убури низомиёни афғон нигарон аст
19:05 04.07.2021 (Навсозишуда: 20:20 04.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз убури иҷбории низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раисҷумҳурон аз ҷумла ба вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави ба таври маҷбурӣ фирор кардани низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён қайд намудааст, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.
Вазъият феълан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳамалоти Толибон* ҳамарӯза қавитар мегардад ва онҳо ҳудуди минтақаҳои таҳти тасарруфи худро васеътар намуда истодаанд.