https://sputnik.tj/20210704/hamkoriho-nizomii-ima-tojikiston-1040631988.html
Эҳтимоли ҳамкориҳои низомии ИМА бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Эҳтимоли ҳамкориҳои низомии ИМА бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Bloomberg навишта буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Осиёи Марказӣ хостааст, тақрибан 9000 афғонеро, ки ба амрикоиҳо кӯмак мерасонанд, муваққатан паногоҳ диҳанд
2021-07-04T11:38+0500
2021-07-04T11:38+0500
2021-07-04T11:38+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
има
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/97/1029629728_0:109:1212:791_1920x0_80_0_0_ac4ed43b0f279ee2c7e03868cae095f7.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik ИМА пас аз тарки Афғонистон ҳамкориҳои низомӣ бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марзиро баррасӣ мекунад. Дар ин бора сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби изҳор кардааст. Дар брифинг аз ӯ пурсидаанд, ки оё дар пасманзари суҳбат бо вазирони хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки як рӯз пеш дар Вашингтон машварат доштанд, амрикоиҳо дар ин кишварҳо, пойгоҳҳои низомӣ барпо карданианд? Вай афзуд, ки ИМА инчунин бо дигар кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, робита дорад. Ба саволи он ки чӣ гуна пойгоҳи низомӣ дар Ӯзбекистон метавонад ҷойгир шавад, дар ҳоле, ки дар ин кишвар олудагӣ бо моддаҳои хатарнок вуҷуд дорад, Кирби посух дод, ки дар ин бора сӯҳбат кардан барвақт аст. Як рӯз пеш вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Вашингтон бо намояндаи махсуси ИМА оид ба оштии Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот кард. Ҷонибҳо роҳҳои ҳалли низоъ дар Афғонистон, инчунин чораҳоеро, ки барои ба зудӣ ба даст овардани сулҳ мусоидат мекунанд, баррасӣ карданд. Комилов инчунин бо сарвари Пентагон Ллойд Остин масъалаи дастгирии Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамчунин, рӯзи 1 июл вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен мулоқот карда буд. Ҷонибҳо ҳамкориҳои дучониба ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Амрико дар ВашингтонҚаблан Bloomberg навишта буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хостааст, тақрибан 9 ҳазор афғонеро, ки ба амрикоиҳо кумак мерасонанд, муваққатан паноҳгоҳ диҳанд.
https://sputnik.tj/20210703/1040625613.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/97/1029629728_6:0:1206:900_1920x0_80_0_0_702f44da212a1c11038d25896efa87d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, ҳамкорӣ, афғонистон, има, тоҷикистон
амният, ҳамкорӣ, афғонистон, има, тоҷикистон
Эҳтимоли ҳамкориҳои низомии ИМА бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Қаблан Bloomberg навишта буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Осиёи Марказӣ хостааст, тақрибан 9000 афғонеро, ки ба амрикоиҳо кумак мерасонанд, муваққатан паногоҳ диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik ИМА пас аз тарки Афғонистон ҳамкориҳои низомӣ бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марзиро баррасӣ мекунад. Дар ин бора сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби изҳор кардааст.
Дар брифинг аз ӯ пурсидаанд, ки оё дар пасманзари суҳбат бо вазирони хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки як рӯз пеш дар Вашингтон машварат доштанд, амрикоиҳо дар ин кишварҳо, пойгоҳҳои низомӣ барпо карданианд?
"Мо якҷоя бо ҳамкорон аз Департаменти давлатӣ бо кишварҳои наздисарҳадӣ тамос мегирем ва кӯшиш мекунем бифаҳмем, ки дар он ҷо чӣ гуна имкониятҳо аст. Бигзор, ин кишварҳо худ тасмим бигиранд", - гуфт Кирби.
Вай афзуд, ки ИМА инчунин бо дигар кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, робита дорад.
Ба саволи он ки чӣ гуна пойгоҳи низомӣ дар Ӯзбекистон метавонад ҷойгир шавад, дар ҳоле, ки дар ин кишвар олудагӣ бо моддаҳои хатарнок вуҷуд дорад, Кирби посух дод, ки дар ин бора сӯҳбат кардан барвақт аст.
"Саросема намешаем. Ҳеҷ тасмиме (дар бораи таъсиси пойгоҳ) гирифта нашудааст. Ман ҳадс мезанам, кадом иншоотро мо метавонем дар кадом кишварҳо истифода кунем, мо ҳанӯз ба ин нарасидаем", - гуфт ӯ.
Як рӯз пеш вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Вашингтон бо намояндаи махсуси ИМА оид ба оштии Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот кард.
Ҷонибҳо роҳҳои ҳалли низоъ дар Афғонистон, инчунин чораҳоеро, ки барои ба зудӣ ба даст овардани сулҳ мусоидат мекунанд, баррасӣ карданд.
Комилов инчунин бо сарвари Пентагон Ллойд Остин масъалаи дастгирии Афғонистонро баррасӣ кард.
Ҳамчунин, рӯзи 1 июл вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен мулоқот карда буд. Ҷонибҳо ҳамкориҳои дучониба ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
Қаблан Bloomberg навишта буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хостааст, тақрибан 9 ҳазор афғонеро, ки ба амрикоиҳо кумак мерасонанд, муваққатан паноҳгоҳ диҳанд.