https://sputnik.tj/20210703/1040625613.html
Оё Осиёи Марказӣ 9 ҳазор гурезаи афғонро қабул мекунад - посухи коршинос: видео
Оё Осиёи Марказӣ 9 ҳазор гурезаи афғонро қабул мекунад - посухи коршинос: видео
Sputnik Тоҷикистон
Мусоҳибаи роҳбари собиқи яке аз хадамоти махсуси Исроил Яков Кедмиро тамошо кунед, ки дар он коршинос ба суоли оё Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон омодаанд... 03.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-03T17:04+0500
2021-07-03T17:04+0500
2021-07-03T17:04+0500
дар тоҷикистон
амрико
афғонистон
ӯзбекистон
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/03/1040625619_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_c129c4f92b3de62028e653d1aaa395fb.jpg
Ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон, (гурӯҳи экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва як қатор кишварҳо) дар Афғонистон фаъол шудаанд. Ба террористон муяссар шуд, ки дар давоми якуним моҳ минтақаи назоратро тақрибан ду баробар зиёд кунанд. Дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО ба хуруҷи фаъоли нерӯҳои худ аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кардаанд.Оё Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон афғонҳоеро қабул хоҳанд кард, ки ба сарбозони амрикоӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ кӯмак кардаанд? Низоъ дар кишвар кай хотима меёбад? Ва дар кадом шароит музокироти сулҳ бо ҷангҷӯён имконпазир аст? Дар ин бора роҳбари собиқи яке аз хадамоти махсуси Исроил Яков Кедмӣ дар сӯҳбат бо Sputnik изҳор дошт.Амрико аз Тоҷикистон хост, ҳазорҳо гурезаи афғонро қабул кунадҲоло ИМА ва дигар аъзои эътилоф нерӯҳои худро аз қаламрави Афғонистон хориҷ мекунанд. Дирӯз Вашингтон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон хост, то тақрибан нӯҳ ҳазор паноҳандаи афғонро муваққатан қабул кунанд. Яков Кедми мегӯяд: "Агар дар байни афғонҳои фирорӣ тоҷикон бошанд, пас, албатта, Тоҷикистон онҳоро қабул хоҳад кард, агар узбекҳо, пас маълум аст, ки Узбекистон низ онҳоро қабул хоҳад кард". Вашингтон исрор меварзад, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иктишоф аз қаламрави худ иҷоза диҳанд. Кедми қайд мекунад, ки на Русия ва на Чин, ки ба Афғонистон хеле наздиктаранд, розӣ нахоҳанд шуд, ки ҳама сохторҳои марбут ба ИМА дар Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолият кунанд."Бо амрикоиҳо чӣ гуфтушунид метавон кард? Бигзор худи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилотро бо террористон ҳал кунанд, амрикоиҳо метавонанд на танҳо онҳо, балки ба дигарон, аз ҷумла Русия ва Чин зарар расонанд", - хулоса кард Кедми.Мулоҳизаи пурраи коршиносро аз навори боло тамошо кунед.
амрико
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/03/1040625619_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_a5bd17585af9387bee62a6b2ddf66327.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, амрико, афғонистон, ӯзбекистон, навор
видео, дар тоҷикистон, амрико, афғонистон, ӯзбекистон, навор
Оё Осиёи Марказӣ 9 ҳазор гурезаи афғонро қабул мекунад - посухи коршинос: видео
Мусоҳибаи роҳбари собиқи яке аз хадамоти махсуси Исроил Яков Кедмиро тамошо кунед, ки дар он коршинос ба суоли оё Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон омодаанд нӯҳ ҳазор афғони гурезаро қабул кунанд, посух мегӯяд
Ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон, (гурӯҳи экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва як қатор кишварҳо) дар Афғонистон фаъол шудаанд. Ба террористон муяссар шуд, ки дар давоми якуним моҳ минтақаи назоратро тақрибан ду баробар зиёд кунанд.
Дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО ба хуруҷи фаъоли нерӯҳои худ аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кардаанд.
Оё Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон афғонҳоеро қабул хоҳанд кард, ки ба сарбозони амрикоӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ кӯмак кардаанд? Низоъ дар кишвар кай хотима меёбад? Ва дар кадом шароит музокироти сулҳ бо ҷангҷӯён имконпазир аст? Дар ин бора роҳбари собиқи яке аз хадамоти махсуси Исроил Яков Кедмӣ дар сӯҳбат бо Sputnik изҳор дошт.
Ҳоло ИМА ва дигар аъзои эътилоф нерӯҳои худро аз қаламрави Афғонистон хориҷ мекунанд. Дирӯз Вашингтон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон хост, то тақрибан нӯҳ ҳазор паноҳандаи афғонро муваққатан қабул кунанд.
Яков Кедми мегӯяд: "Агар дар байни афғонҳои фирорӣ тоҷикон бошанд, пас, албатта, Тоҷикистон онҳоро қабул хоҳад кард, агар узбекҳо, пас маълум аст, ки Узбекистон низ онҳоро қабул хоҳад кард".
Вашингтон исрор меварзад, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иктишоф аз қаламрави худ иҷоза диҳанд. Кедми қайд мекунад, ки на Русия ва на Чин, ки ба Афғонистон хеле наздиктаранд, розӣ нахоҳанд шуд, ки ҳама сохторҳои марбут ба ИМА дар Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолият кунанд.
"Бо амрикоиҳо чӣ гуфтушунид метавон кард? Бигзор худи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилотро бо террористон ҳал кунанд, амрикоиҳо метавонанд на танҳо онҳо, балки ба дигарон, аз ҷумла Русия ва Чин зарар расонанд", - хулоса кард Кедми.
Мулоҳизаи пурраи коршиносро аз навори боло тамошо кунед.