https://sputnik.tj/20210702/navsozi-shohamabari-prezident-osoishgoh-1040592774.html
Навсозии “Шоҳамбарӣ” баъди фурӯш: Президент осоишгоҳро кушод
Навсозии “Шоҳамбарӣ” баъди фурӯш: Президент осоишгоҳро кушод
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” - ро дар шаҳри Ҳисор баъди навсозӣ ифтитоҳ кард 02.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-02T14:22+0500
2021-07-02T14:22+0500
2021-07-02T15:54+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳисор
шоҳамбарӣ
фурӯш
навсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039575611_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_820392744637c1c85d972ff4b724e2f6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дод, хабар дод котиботи раисиҷумҳур. Осоишгоҳи маъруфи Шоҳамабарӣ соли 2016 ба ширкати “Руҳафзо – 2015” бо арзиши ҳудуди 3,1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд, ки расонаҳо ин ширкатро ба хонаводаи маъруфи Соҳибовҳо марбут медонанд. Соҳибони нави ширкат зимни навсозӣ сабукиҳои андозиро гирифтанд. Аз ҷумлаи шартҳое, ки Ҳукумат пеши соҳиби нав гузошта буд, пардохти қарзҳои пешини осоишгоҳ, сармоягузории на кам аз 10 миллион сомонӣ барои рушди он, то ба 200 нафар зиёд кардани теъдоди коргарону афзоиши фоидаи осоишгоҳ то 7 миллион сомонӣ дар муддати се сол зикр шуда буд. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард, акнун баъди азнавсозӣ ва ба истифода додани бинои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад.Таъкид шудааст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии осоишгоҳ зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонии осоишгоҳ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.Зикр гардид, ки бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар бинои мазкур дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешавад.Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат аст, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Бинои асосии осоишгоҳ аз панҷ ошёна бо 500 кат пурра таъмир ва азнавсозӣ гардида, дорои ошхона барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзишӣ ва солимгардонӣ мебошад.Бинои амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ ба таври замонавӣ сохта шудааст.Инчунин барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дукон дар шафати амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, тӯҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон хизмат мерасонанд. Чоҳи амудии оби маъдани осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр азнавсозӣ гардидааст. Оби маъдани мазкур хусусияти табобатӣ дошта, аз замонҳои пеш то ба рӯзгори мо барои табобати беморон, махсусан узвҳои ҳозима шуҳратёр шудааст, таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон. Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудааст, илова намуд котибот. Ҳамчунин дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи Алмосӣ то даромадгоҳи осоишгоҳ ба пуррагӣ мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ пояҳои чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудааст.Барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба хизмати аҳолӣ омодааст, илова намуд манбаъ. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон даъват кардаст.
https://sputnik.tj/20210702/sohibov-ba-prezident-namoi-navi-shohambari--ro-nishon-dodu-nasihat-shunid--aksho-1040597019.html
https://sputnik.tj/20210212/sayii-dokhili-dar-Tojikiston-foidaovar-nest-1032812807.html
https://sputnik.tj/20180330/1025175426.html
ҳисор
шоҳамбарӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039575611_59:0:1879:1365_1920x0_80_0_0_86374ee8e1a9b0765063199cf9ad7cd2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, ҳисор, шоҳамбарӣ, фурӯш, навсозӣ
дар тоҷикистон, иқтисод, ҳисор, шоҳамбарӣ, фурӯш, навсозӣ
Навсозии “Шоҳамбарӣ” баъди фурӯш: Президент осоишгоҳро кушод
14:22 02.07.2021 (Навсозишуда: 15:54 02.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” - ро дар шаҳри Ҳисор баъди навсозӣ ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дод, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Осоишгоҳи маъруфи Шоҳамабарӣ соли 2016 ба ширкати “Руҳафзо – 2015” бо арзиши ҳудуди 3,1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд, ки расонаҳо ин ширкатро ба хонаводаи маъруфи Соҳибовҳо марбут медонанд. Соҳибони нави ширкат зимни навсозӣ сабукиҳои андозиро гирифтанд.
Аз ҷумлаи шартҳое, ки Ҳукумат пеши соҳиби нав гузошта буд, пардохти қарзҳои пешини осоишгоҳ, сармоягузории на кам аз 10 миллион сомонӣ барои рушди он, то ба 200 нафар зиёд кардани теъдоди коргарону афзоиши фоидаи осоишгоҳ то 7 миллион сомонӣ дар муддати се сол зикр шуда буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард, акнун баъди азнавсозӣ ва ба истифода додани бинои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад.
Таъкид шудааст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии осоишгоҳ зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонии осоишгоҳ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.
“Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” аз моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” ва пудратчиёни ёрирасон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” ва “Дарё-2015” мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар бинои мазкур дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешавад.
Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат аст, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бинои асосии осоишгоҳ аз панҷ ошёна бо 500 кат пурра таъмир ва азнавсозӣ гардида, дорои ошхона барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзишӣ ва солимгардонӣ мебошад.
Бинои амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ ба таври замонавӣ сохта шудааст.
Инчунин барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дукон дар шафати амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, тӯҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон хизмат мерасонанд.
Чоҳи амудии оби маъдани осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр азнавсозӣ гардидааст. Оби маъдани мазкур хусусияти табобатӣ дошта, аз замонҳои пеш то ба рӯзгори мо барои табобати беморон, махсусан узвҳои ҳозима шуҳратёр шудааст, таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудааст, илова намуд котибот.
Ҳамчунин дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи Алмосӣ то даромадгоҳи осоишгоҳ ба пуррагӣ мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ пояҳои чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудааст.
Барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба хизмати аҳолӣ омодааст, илова намуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон даъват кардаст.