ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Осоишгоҳи "Баҳористон" меҳмонхонаҳои навро ба истифода дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар осоишгоҳ меҳмонхонаи сеошёнае бо 70 ҷойи хоб ифтитоҳ шуд, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва чӯбкорӣ оро дода шудааст.
Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи "Баҳористон" иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.
"Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба суи иншооти дуюм Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ истироҳаткунандагон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати самимии сарирроҳӣ доир кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ба иттилои дафтари матбуотӣ, меҳмонон барои шароити беҳтарини хизматрасонию меҳмоннавозии кормандони Осоишгоҳи "Баҳористон" ва табиати зебои ин ҷо изҳори қаноатмандӣ карда, аз имкони дидору суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолӣ намуданд.
Осоишгоҳи "Баҳористон" соли 2011 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.
Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Кормандон дар навбати худ бо маоши хуб ва як вақт хуроки гарму нақлиёти хизматӣ таъмин мебошанд.