https://sputnik.tj/20210212/sayii-dokhili-dar-Tojikiston-foidaovar-nest-1032812807.html
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳамагирӣ се баробар кам шуда, як навъи хизматрасонӣ дар... 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T10:30+0500
2021-02-12T10:30+0500
2021-07-13T12:23+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тоҷиддин ҷӯразода
рушди сайёҳӣ
мавсими сайёҳӣ
рушди соҳаи сайёҳӣ
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/91/1016449167_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d1c235f8b2faded70cf8f7abf9930b96.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо соли 2019 се маротиба камтар шуд.Бино ба иттилои Ҷӯразода, агар солҳои пеш ин самти сайёҳӣ ба ММД -и кишвар тақрибан 0,3% даромад ё муодили 2-3 миллион доллар меовард, соли 2020 ин нишондод хеле кам шудааст.Ӯ мегӯяд, мардум бояд худ бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба чунин маконҳои таърихие чун Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, Саразм, Чилучорчашма ва дигар маконҳои диданибоб сайёҳат кунанд.Ҳамин тавр, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, омори сайёҳии дохилиро ироа карда гуфт, теъдоди сайёҳони дохилӣ дар соли 2020 дар қиёс бо соли 2019 се маротиба кам шуд."Тибқи омори расмӣ дар соли 2019 шумораи сайёҳони дохилӣ 403 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин нишондод дар соли 2020 се маротиба кам шуда ба 185,6 баробар шуд", - гуфт Ҷӯразода.Ҷӯразода мегӯяд, ҳамагирии коронавирус ба соҳаи сайёҳӣ зарбаи сахт зад, агар аз тараф баста шудани меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳҳо, бахши хӯроки ҷамъиятӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо бошад, аз ҷониби дигар зарари бузург ба ҳунармандон, ки натавонистанд маҳсули дасти худро ба фурӯш бароранд.Ҷӯразода ҳамчунин як навъи хизматрасониро ном бурд, ки дар даври пандемия қариб аз байн рафтааст.Бино ба иттилои ӯ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳамагӣ 10 ҳомстей сабти ном шудааст ва дар соли 2020 ин навъи хизматрасонӣ қариб аз байн рафтааст.Дар умум дар Тоҷикистон 283 иншооти сайёҳӣ мавҷуд аст.Аз ин шумор 188 - меҳмонхлона, 26 - хостел, 45 - осоишгоҳ, 8 - маркази муолиҷавӣ, 10 - хонаи истроҳатӣ, 1 - понсианат, 1 - кемпинг, 4 - базаи сайёҳӣ ва 10 ҳомстей.Тибқи иттилои ин ниҳод дар соли 2020 - 32 иншооти сайёҳӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, 1 ҳомстейи дигар ба қайд гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20200724/Kumitai-rushdi-sayohi-shumori-sayhoni-khoriji-dar-davroni-pandemiya-ba-marotib-kohish-yoft-1031629335.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Омодагиҳо барои таҷлил аз 3000-солагии қалъаи Ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
Барои таҷлил аз 3000-солагии қалъаи Ҳисор, биноҳои харобгаштаи ҳудуди қалъа дар асоси санадҳо ва бозёфтҳои археологӣ барқарор мешаванд.
2021-02-12T10:30+0500
true
PT1M30S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/91/1016449167_113:0:1073:720_1920x0_80_0_0_de0341cac99f301161a2b6f6d647ad7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тоҷиддин ҷӯразода, рушди сайёҳӣ, мавсими сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тоҷиддин ҷӯразода, рушди сайёҳӣ, мавсими сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳӣ
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
10:30 12.02.2021 (Навсозишуда: 12:23 13.07.2021) Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳамагирӣ се баробар кам шуда, як навъи хизматрасонӣ дар ин самт, аз байн рафт
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо соли 2019 се маротиба камтар шуд.
Бино ба иттилои Ҷӯразода, агар солҳои пеш ин самти сайёҳӣ ба ММД -и кишвар тақрибан 0,3% даромад ё муодили 2-3 миллион доллар меовард, соли 2020 ин нишондод хеле кам шудааст.
"Имрӯз ширкатҳо ин навъи сайёҳиро самти рушдкунанда намедонанд", - гуфт раис ва афзуд, ки Кумита кӯшиш дорад роҳҳои дигарро барои рушди ин самт пайдо кунад.
Ӯ мегӯяд, мардум бояд худ бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба чунин маконҳои таърихие чун Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, Саразм, Чилучорчашма ва дигар маконҳои диданибоб сайёҳат кунанд.
Ҳамин тавр, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, омори сайёҳии дохилиро ироа карда гуфт, теъдоди сайёҳони дохилӣ дар соли 2020 дар қиёс бо соли 2019 се маротиба кам шуд.
"Тибқи омори расмӣ дар соли 2019 шумораи сайёҳони дохилӣ 403 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин нишондод дар соли 2020 се маротиба кам шуда ба 185,6 баробар шуд", - гуфт Ҷӯразода.
Ҷӯразода мегӯяд, ҳамагирии коронавирус ба соҳаи сайёҳӣ зарбаи сахт зад, агар аз тараф баста шудани меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳҳо, бахши хӯроки ҷамъиятӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо бошад, аз ҷониби дигар зарари бузург ба ҳунармандон, ки натавонистанд маҳсули дасти худро ба фурӯш бароранд.
Ҷӯразода ҳамчунин як навъи хизматрасониро ном бурд, ки дар даври пандемия қариб аз байн рафтааст.
Бино ба иттилои ӯ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳамагӣ 10 ҳомстей сабти ном шудааст ва дар соли 2020 ин навъи хизматрасонӣ қариб аз байн рафтааст.
Дар умум дар Тоҷикистон 283 иншооти сайёҳӣ мавҷуд аст.
Аз ин шумор 188 - меҳмонхлона, 26 - хостел, 45 - осоишгоҳ, 8 - маркази муолиҷавӣ, 10 - хонаи истроҳатӣ, 1 - понсианат, 1 - кемпинг, 4 - базаи сайёҳӣ ва 10 ҳомстей.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар соли 2020 - 32 иншооти сайёҳӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, 1 ҳомстейи дигар ба қайд гирифта шуд.