https://sputnik.tj/20210629/toshkand-nizomi-afghonro-vatanashon-ravon-1040517678.html
Тошканд 47 низомии дигари афғонро ба ватанашон равон кард
Тошканд 47 низомии дигари афғонро ба ватанашон равон кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов гуфта буд, ки шаҳрвандони Афғонистон - низомиён ва шаҳрвандон рӯзҳои охир чандин маротиба кӯшиши убури марзро карданд
2021-06-29T16:00+0500
2021-06-29T16:00+0500
2021-06-29T16:21+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
ӯзбекистон
марз
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/63/1023946325_0:149:3113:1900_1920x0_80_0_0_dfa98fcaa979ed8841963f8082528462.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон 47 марзбон, аз ҷумла маъмурони амниятии Афғонистонро, ки қаблан марзи Ӯзбекистон ва Афғонистонро убур карда буданд, ба ватанашон равон карданд.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст. Ҳамчунин, як рӯз қабл аз ҳодисаи мазкур, 26 июн, дар ин қисмати марз се низомии афғон ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуданд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ҳукумати Ӯзбекистон ба таври қатъӣ изҳор менамояд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон, нигоҳ доштани бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояро риоя мекунад. Қаблан Тошканд 53 марзбони Афғонистонро, ки рӯзи 23 июн марзи Ӯзбекистону Афғонистонро убур карданд, ба ватанашон баргардонданд. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин росто, аз афзоиши хушунат дар қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, низ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳаракати "Толибон"* субҳи 27 июн ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.Дар паи ин даргирӣ 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210628/afghonho-aqibnishini-uzbekiston-1040496368.html
https://sputnik.tj/20210627/kdam-tojikiston-az-hamlai-tolibon-ba-postgohi-marzi-guft-vaz-murakkab-1040478932.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/63/1023946325_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_6bf8aca9d9986c00dc29b9ba88665547.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошканд, низомиёни афғон, ӯзбекистон, тоҷикистон
тошканд, низомиёни афғон, ӯзбекистон, тоҷикистон
Тошканд 47 низомии дигари афғонро ба ватанашон равон кард
16:00 29.06.2021 (Навсозишуда: 16:21 29.06.2021) Қаблан сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов гуфта буд, ки низомиёни афғон рӯзҳои охир чандин маротиба кӯшиши убури марзро карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон 47 марзбон, аз ҷумла маъмурони амниятии Афғонистонро, ки қаблан марзи Ӯзбекистон ва Афғонистонро убур карда буданд, ба ватанашон равон карданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.
"Рӯзи 27 июн як гурӯҳи 44-нафараи сарбозони афғон сарҳади давлатии Ӯзбекистонро дар минтақаи ноҳияи Чортеппа убур карданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ҳамчунин, як рӯз қабл аз ҳодисаи мазкур, 26 июн, дар ин қисмати марз се низомии афғон ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуданд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргардонида шуданд.
"Чунин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян пешгирӣ мешавад", - афзуд Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба таври қатъӣ изҳор менамояд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон, нигоҳ доштани бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояро риоя мекунад.
Қаблан Тошканд 53 марзбони Афғонистонро, ки рӯзи 23 июн марзи Ӯзбекистону Афғонистонро убур карданд, ба ватанашон баргардонданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин росто, аз афзоиши хушунат дар қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, низ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳаракати "Толибон"* субҳи 27 июн ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.
Дар паи ин даргирӣ 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия