https://sputnik.tj/20210628/afghonho-aqibnishini-uzbekiston-1040496368.html
Талоши афғонҳо барои ақибнишинӣ ба Ӯзбекистон: шарҳи сухангӯи президент
Талоши афғонҳо барои ақибнишинӣ ба Ӯзбекистон: шарҳи сухангӯи президент
Sputnik Тоҷикистон
Пештар ҳукумати Ӯзбекистон даҳҳо сарҳадбонони афғонро, ки ба ин кишвар ақибнишиниӣ кралда буданд, бозгарднад
2021-06-28T18:15+0500
2021-06-28T18:15+0500
2021-06-28T18:21+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
ӯзбекистон
талош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988681_0:287:3000:1975_1920x0_80_0_0_1e8f16348db63c146ef6d510f39639a5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон - низомиён ва ғайринизомӣ чанд рӯзи охир кӯшиш карданд ба қаламрави Ӯзбекистон ақибнишинӣ кунанд. Ҳамаи онҳо ба ватанашон бозгардонида шуданд.Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар дод.Сухангӯи кишвардори Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи ашхосе, ки ба минтақаи Ӯзбекистон ворид шуданд, тибқи қонунгузории миллӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ ба Афғонистон бозгардонида шуданд."Вақтҳои охир авзои шимоли Афғонистон дар ҳоли тағйир аст. Ин наметавонад ҳамсояҳо - Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро нигарон накунад", - қайд кард Асадов.Вай ёдовар шуд, ки президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳафтаи гузашта ба зарурати идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо ва муколамаи наздик барои таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид карданд.Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, субҳи 27-уми июн аз ҳамлаи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210627/kdam-tojikiston-az-hamlai-tolibon-ba-postgohi-marzi-guft-vaz-murakkab-1040478932.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988681_223:0:2890:2000_1920x0_80_0_0_d13eb1d4b7ea2e3c86672193871fdefc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, ҳамла, ақибнишинӣ, ӯзбекистон, афғонистон
толибон, ҳамла, ақибнишинӣ, ӯзбекистон, афғонистон
Талоши афғонҳо барои ақибнишинӣ ба Ӯзбекистон: шарҳи сухангӯи президент
18:15 28.06.2021 (Навсозишуда: 18:21 28.06.2021) Пештар ҳукумати Ӯзбекистон даҳҳо сарҳадбонони афғонро, ки ба ин кишвар ақибнишиниӣ карданд, бозгардонд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон - низомиён ва ғайринизомӣ чанд рӯзи охир кӯшиш карданд ба қаламрави Ӯзбекистон ақибнишинӣ кунанд. Ҳамаи онҳо ба ватанашон бозгардонида шуданд.
Дар ин бора
Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар дод.
"Маълум аст, ки 23 июн бори аввал 53 шаҳрвандон ва низомиёни Афғонистон кӯшиши шикасти марзи Ӯзбекистонро карданд. Пасон то имрӯз боз чанд бори дигар талошҳо дида шуданд, охирин бор рӯзи шанбе буд", - гуфт Асадов рӯзи душанбе дар брифинг.
Сухангӯи кишвардори Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи ашхосе, ки ба минтақаи Ӯзбекистон ворид шуданд, тибқи қонунгузории миллӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ ба Афғонистон бозгардонида шуданд.
"Дар ин росто, дахлнопазирии марзи Ӯзбекистон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ зери шубҳа гузошта шавад", - афзуд ӯ.
"Вақтҳои охир авзои шимоли Афғонистон дар ҳоли тағйир аст. Ин наметавонад ҳамсояҳо - Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро нигарон накунад", - қайд кард Асадов.
Вай ёдовар шуд, ки
президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳафтаи гузашта ба зарурати идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо ва муколамаи наздик барои таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид карданд.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, субҳи 27-уми июн аз ҳамлаи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия