https://sputnik.tj/20210627/kdam-tojikiston-az-hamlai-tolibon-ba-postgohi-marzi-guft-vaz-murakkab-1040478932.html
КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"
КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"
Sputnik Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон"* ба гузаргоҳи сарҳадии Чукчук ва ақибнишинии гуруҳи низомиёни афғон ба Тоҷикистон хабар дод
2021-06-27T20:30+0500
2021-06-27T20:30+0500
2021-06-27T21:13+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
кдам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040374188_0:72:768:504_1920x0_80_0_0_946287ab619da4eb85f17e74a84d3685.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Мақомоти марзбонии КДАМ мегӯянд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.Манбаъ таъкид кардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибонк" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд. *созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210627/ustod-ato-natijaho-avvalin-amaliyot-tolibon-balh-1040473403.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040374188_0:0:768:576_1920x0_80_0_0_87c681cbe1fc6b0af4eebdf623d874bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, тоҷикистон, афғонистон, ҳамла, марз
толибон, тоҷикистон, афғонистон, ҳамла, марз
КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"
20:30 27.06.2021 (Навсозишуда: 21:13 27.06.2021) Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон"* ба гузаргоҳи сарҳадии Чукчук ва ақибнишинии гуруҳи низомиёни афғон ба Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Мақомоти марзбонии КДАМ мегӯянд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.
"Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд", - омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонӣ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибонк" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия