https://sputnik.tj/20210628/uzbekiston-sodirot-moshin-ziyod-tojikiston-haridast-1040488574.html
Ӯзбекистон содироти мошинро зиёд кард: Тоҷикистон ҳам харидаст
Ӯзбекистон содироти мошинро зиёд кард: Тоҷикистон ҳам харидаст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон маблағи содироти мошинҳои истеҳсоли дохилиро дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳудуди 135 миллион доллари амрикоӣ гуфтааст
2021-06-28T14:43+0500
2021-06-28T14:43+0500
2021-06-28T14:43+0500
иқтисод
мошин
содирот
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_0:62:1601:962_1920x0_80_0_0_82bac24344a1d916ce2702a4d94405f6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи омор, дар моҳҳои январ-майи соли 2021 Ӯзбекистон ба маблағи 134,9 миллион доллар мошин содир кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 84,6 миллион доллар зиёд шудааст. Кишварҳои асосие, ки Ӯзбекистон ба он мошин содир мекунад, ин Қазоқистон мебошад. Ба иттилои Кумитаи омор тайи панҷ моҳи соли равон Қазоқистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 127,1 миллион доллари амрикоӣ мошин гирифтааст. Афғонистон ба маблағи 2,7 миллион доллар, Украина - 2,3 млн, Қирғизистон – 1 миллион, Русия - 955,9 ҳазор, Озарбойҷон - 444,7 ҳазор ва Тоҷикистон ба маблағи 339,1 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон мошин гирифтааст. Таъкид шудааст, ки танҳо дар моҳи майи соли 2021, Ӯзбекистон ба маблағи 22,5 миллион доллар мошин содир кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф гузоштаанд, ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.
https://sputnik.tj/20210627/muloqot-ahmadzoda-noibi-sarvaziri-uzbekiston-1040479545.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_118:0:1481:1022_1920x0_80_0_0_357cd76220864e109678a26e03ba91b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, тоҷикистон, мошин, содирот, харид
ӯзбекистон, тоҷикистон, мошин, содирот, харид
Ӯзбекистон содироти мошинро зиёд кард: Тоҷикистон ҳам харидаст
Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон маблағи содироти мошинҳои истеҳсоли дохилиро дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳудуди 135 миллион доллари амрикоӣ гуфтааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи омор, дар моҳҳои январ-майи соли 2021 Ӯзбекистон ба маблағи 134,9 миллион доллар мошин содир кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 84,6 миллион доллар зиёд шудааст.
Кишварҳои асосие, ки Ӯзбекистон ба он мошин содир мекунад, ин Қазоқистон мебошад.
Ба иттилои
Кумитаи омор тайи панҷ моҳи соли равон Қазоқистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 127,1 миллион доллари амрикоӣ мошин гирифтааст.
Афғонистон ба маблағи 2,7 миллион доллар, Украина - 2,3 млн, Қирғизистон – 1 миллион, Русия - 955,9 ҳазор, Озарбойҷон - 444,7 ҳазор ва Тоҷикистон ба маблағи 339,1 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон мошин гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки танҳо дар моҳи майи соли 2021, Ӯзбекистон ба маблағи 22,5 миллион доллар мошин содир кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф гузоштаанд, ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.