Мулоқоти Аҳмадзода бо ноиби сарвазири Ӯзбекистон

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки бо сафари дурӯза дар вилояти Тошканд қарор дорад, бо муовини сарвазири Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмӣ густариши ҳамкориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Раиси вилояти Суғд бо Сардор Умурзоқов, муовини сарвазири Ӯзбекистон, роҳҳои то ба як миллиард доллари амрикоӣ расондани додугирифти мол миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо аз тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи миёни миллатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев равобити миёни ду кишвар дар беҳтарин сатҳ қарор гирифта, халқҳои тоҷику ӯзбек аз сиёсати созанда истиқболи гарм карданд.
“Густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои ду кишвар ба манфиати ҷонибҳо буда, то ба 1 миллиард расонидани доду гирифти молу маҳсулот дар назар дошта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилояти Суғд ҳавасмандиро барои тақвияти ҳамкориҳо баён дошта, инчунин бо вазири кишоварзии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов роҳҳои ҳамкориро баррасӣ намуд.
Дар ин сафар роҳбари вилояти Суғдро раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва корхонаҳои саноативу идораҳои кишоварзӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки ин сафар бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодии вилояти Тошканд ва мубодилаи таҷриба сурат гирифта истодааст.
Лентаи хабарҳо
0