Афғонистон аз Покистон хост, ки муҳоҷиронро абзори фишор насозад

© U.S. Embassy KabulАфганские мигранты
Афганские мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Афғонистон аз Покистон хостааст, ки муҳоҷиронашро абзори фишор бар кишвар истифода накунад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Афғонистон имрӯз, 28 июн бо нашри як хабарнома эълом кард, ки Афғонистон ҳамвора хоҳони баргашти муҳоҷирони афғон ба ватанашон аст ва дар ин росто дар чорчӯбаи сохторҳои мавҷуд ҳамкории дуҷониба мекунад.
Вазорат дар ин хабарнома аз Покистон хостааст, ки муҳоҷиронро ҳамчун абзори фишор ба Афғонистон истифода накунад.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
"Мо бад ин боварем, ки ҳамкориҳои содиқонаи Покистон дар ростои хатми хунрезӣ ва таъмини сулҳ ва ҳамшумул дар Афғонистон ба маротиб муассир аз изҳори назарҳо ва пешбиниҳои нигаронкунанда аз ҷониби мақомоти давлати Покистон мебошад", - омадааст дар изҳороти ВКХ Афғонистон.
Ёдрас мешавем, шумораи умумии муҳоҷирони афғон дар Покистон бештар аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Асосан пуштунҳои кишвар ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд.
Новобаста аз он, ки байни Покистону Афғонистон низоми раводид ҷорист, шаҳрвандони Афғонистон ҳамчун гуреза ё меҳмон вориди Покистон мешаванд ва минбаъд ҳатто метавонанд дар урдугоҳҳои гурезаҳо қарор бигиранд.
Афғонистониҳо дар Покистон асосан дар соҳаҳои нақлиёт, савдо, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0