https://sputnik.tj/20210627/shirin-amonzoda-hamvatanon-burunmarzi-obodkorihoi-davat-1040475577.html
Ширин Амонзода ҳамватанони бурунмарзиро ба раванди ободкориҳои кишвар даъват кард
Ширин Амонзода ҳамватанони бурунмарзиро ба раванди ободкориҳои кишвар даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони ҷамъияти “Дӯстӣ” ва соҳибкорони мувафақи тоҷики шаҳри Новосибирск мулоқот анҷом дод
2021-06-27T15:00+0500
2021-06-27T15:00+0500
2021-07-21T19:18+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
муҳоҷират
новосибирск
даъват
кишвар
ободкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032807645_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_a57a7b3b355f7de310ea3f6eda368847.png
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ахиран бо роҳбари ҷамъияти “Дӯстӣ”-и шаҳри Новосибирски Русия Сияршо Абдуҷабборов ва аъзои ин ҷамъияти тоҷикон - соҳибкорони мувафақи тоҷик мулоқот кард.Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорат дар мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, вазъи фаъолияти муташаккилони ҳамватанон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон - диаспораҳо, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба раванди ободкориҳои кишвар баррасӣ гардидааст. Манбаъ қайд кардааст, ки ин соҳибкорон то имрӯз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар гӯшаҳои кишвар саҳм гузошта, дар давраи бемории ҳамагири КОВИД-19 муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикро дар кишвари иқомат дастгирӣ намудаанд. Гуфта шудааст, ки барои тақвияти фаъолияти диаспораҳо, дастгирии ниёзмандон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии кишвар соҳибкорон бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20210622/millioneri-tojik-vazir-peshnihod-muloqoti-amonzoda-davlatov-1040352645.html
новосибирск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032807645_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_98269cfef2a0618100c4230a893c2c79.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати меҳнат, ободкорӣ,соҳибкорон, мулоқот, вазир, амонзода
тоҷикистон, вазорати меҳнат, ободкорӣ,соҳибкорон, мулоқот, вазир, амонзода
Ширин Амонзода ҳамватанони бурунмарзиро ба раванди ободкориҳои кишвар даъват кард
15:00 27.06.2021 (Навсозишуда: 19:18 21.07.2021) Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони ҷамъияти “Дӯстӣ” ва соҳибкорони мувафақи тоҷики шаҳри Новосибирск мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ахиран бо роҳбари ҷамъияти “Дӯстӣ”-и шаҳри Новосибирски Русия Сияршо Абдуҷабборов ва аъзои ин ҷамъияти тоҷикон - соҳибкорони мувафақи тоҷик мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорат дар мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, вазъи фаъолияти муташаккилони ҳамватанон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон - диаспораҳо, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба раванди ободкориҳои кишвар баррасӣ гардидааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин соҳибкорон то имрӯз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар гӯшаҳои кишвар саҳм гузошта, дар давраи бемории ҳамагири КОВИД-19 муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикро дар кишвари иқомат дастгирӣ намудаанд.
Гуфта шудааст, ки барои тақвияти фаъолияти диаспораҳо, дастгирии ниёзмандон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии кишвар соҳибкорон бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.