https://sputnik.tj/20210626/bonki-milli-ijozatnoma-bonki-farii-bmp-pokiston-bozhond-1040456172.html
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” бозхонд кардааст
2021-06-26T10:45+0500
2021-06-26T10:45+0500
2021-06-26T13:07+0500
иқтисод
бонк
бмт
иҷозатнома
бозхонд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Раёсати ин ниҳод қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбаршударо тибқи дархости ҶСП "Бонки фаръии Покистон дар Тоҷикистон" қабул кардааст.Гуфта мешавад, ки қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 марти соли 2012, №59 дода шудааст, бозхонд карда шуда аз эътибор соқит дониста мешавад, иттилоъ додааст БМТ.Мақомоти ваколатдори ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” вазифадор карда шудаанд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20210521/favri-bonki-milli-faoliyati-agroinvestbonk-va-tojiksodirotbonk-ro-barham-dod-1039650382.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки милли иҷозатнома “бонки фаръии бмп покистон дар тоҷикистон” бозхонд
бонки милли иҷозатнома “бонки фаръии бмп покистон дар тоҷикистон” бозхонд
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард
10:45 26.06.2021 (Навсозишуда: 13:07 26.06.2021) Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” бозхонд кардааст
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Раёсати ин ниҳод қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбаршударо тибқи дархости ҶСП "Бонки фаръии Покистон дар Тоҷикистон" қабул кардааст.
Гуфта мешавад, ки қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 марти соли 2012, №59 дода шудааст, бозхонд карда шуда аз эътибор соқит дониста мешавад, иттилоъ додааст БМТ.
Мақомоти ваколатдори ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” вазифадор карда шудаанд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.