https://sputnik.tj/20210625/sughd-milisaho-amaliyoti-madaniyat-shahrdori-1040439581.html
Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд
Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд
2021-06-25T12:30+0500
2021-06-25T12:30+0500
2021-06-25T13:50+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038549535_0:0:1535:864_1920x0_80_0_0_8cd15531dcee6f3f6bda00f0b1f094a2.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Суғд амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" баргузор мешавад, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.Онро Раёсати ВКД дар Суғд аз 17 то 27 июн баргузор мекунад.Гуфта мешавад, милисаҳо ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба минтақаҳо сафарбар гардида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузаронанд.Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҳамин гуна корбарии мақсаднок дар ҳудуди маъмурии маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд."Ҷанбаи фарқкунандаи марҳилаи навбатии амалиёти маданияти шаҳрдорӣ, ки ташаббускори он милитсия мебошад, дар он аст, ки бе таъсиррасонии ҳуқуқӣ мегузарад. Яъне нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протокол тартиб дода нашуда, танҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад", - тавзеҳ медиҳад ВКД.Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд мавзӯи суҳбат бо аҳолӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраро фаро гирифтНасли калонсол оид ба унсурҳои халалрасонанда ба тартиботи ҷамъиятӣ ва роҳҳои пешгирии он, маданияти шаҳрдорӣ, одоби ҳамсоядорӣ, риояи қоидаҳои будубош бо милитсия суҳбат карданд. Дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солим тарғиб гардида, таваҷҷӯҳи асосӣ ба интихоби дурусти пайроҳаи зиндагӣ дода шуд. Машғул нашудан ба оворагардӣ ва самаранок истифода бурдани давраи таътили тобистона дар мулоқот бо наврасон матраҳ гардид.Ёдрас мешавем, ки амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дорад.Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирӣ аз кирдори зиддиҳуқуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва унсурҳои бегонапарастӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва муҳимтар аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад.
https://sputnik.tj/20200205/Azmi-Rustami-Emomal-dar-tablii-odobi-sharnishin-dar-Dushanbe-1030662200.html
https://sputnik.tj/20190210/Libosoro-dar-peshtoi-khona-ovezon-nakuned-alasa-bo-sokinon-dar-borai-odobi-shardor--1028227537.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038549535_19:0:1248:922_1920x0_80_0_0_c6185f01df17517a74542c9f761ee3e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
милиса суғд
Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд
12:30 25.06.2021 (Навсозишуда: 13:50 25.06.2021) Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Суғд амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" баргузор мешавад, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Онро Раёсати ВКД дар Суғд аз 17 то 27 июн баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, милисаҳо ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба минтақаҳо сафарбар гардида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузаронанд.
Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҳамин гуна корбарии мақсаднок дар ҳудуди маъмурии маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.
Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд.
"Ҷанбаи фарқкунандаи марҳилаи навбатии амалиёти маданияти шаҳрдорӣ, ки ташаббускори он милитсия мебошад, дар он аст, ки бе таъсиррасонии ҳуқуқӣ мегузарад. Яъне нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протокол тартиб дода нашуда, танҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад", - тавзеҳ медиҳад ВКД.
Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд мавзӯи суҳбат бо аҳолӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраро фаро гирифт
Насли калонсол оид ба унсурҳои халалрасонанда ба тартиботи ҷамъиятӣ ва роҳҳои пешгирии он, маданияти шаҳрдорӣ, одоби ҳамсоядорӣ, риояи қоидаҳои будубош бо милитсия суҳбат карданд.
Дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солим тарғиб гардида, таваҷҷӯҳи асосӣ ба интихоби дурусти пайроҳаи зиндагӣ дода шуд. Машғул нашудан ба оворагардӣ ва самаранок истифода бурдани давраи таътили тобистона дар мулоқот бо наврасон матраҳ гардид.
Ёдрас мешавем, ки амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дорад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирӣ аз кирдори зиддиҳуқуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва унсурҳои бегонапарастӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва муҳимтар аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад.