ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои қарори вижа аз 4 феврал гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намудааст, ки дар пойтахт ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ машғул хоҳанд шуд.
"Нақшаи вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар қарори раиси шаҳр.
Бо дастури Рустами Эмомалӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бояд дар ҷалби олимону коршиносон ва ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриҳо тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намоянд.
"Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд", - гуфта мешавад дар анди чоруми қарори шаҳрдор.
Милисаҳои Душанбе мардумро одоби шаҳрнишинӣ меомӯзанд
Ёдрас мешавем, соле пеш низ раиси шаҳри Душанбе дар бораи тарғиби одоби шаҳрнишинӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буд. Мувофиқи қарори шаҳрдор, ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ, ки намояндагони Ҳукумати шаҳрро дар бар мегирифтанд, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба тарғиби паёми раисҷумҳур, қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар, ва тарғиби қонуни танзим машғул мешуданд.