Либосҳоро дар пештоқи хона овезон накунед: ҷаласа бо сокинон дар бораи одоби шаҳрдорӣ

© Управление МВД по городу ДушанбеҶаласа ВУД Тоҷикистон ва мақомоти шаҳр бо сокинони пойтахт
Ҷаласа ВУД Тоҷикистон ва мақомоти шаҳр бо сокинони пойтахт  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни ҷаласа мақомоти ВУД Тоҷикистон ва шаҳрдории шаҳри Душанбе сокинони Душанбешаҳрро ба ободкориву созандагӣ даъват намуданд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ахиран дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ноҳияи Шорҳмансур бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Билол Иброҳим, муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ., ва бо иштироки беш аз 200 нафар истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Дӯстиии Халқҳо, Чехов ва Нисор Муҳаммад ҷаласа баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, инчунин дар ҷаласаи мазкур раисони кумитаи маҳаллаҳову эмомхатибон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Дар идомаи мулоқоти мазкур муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. зикр намуд, ки дар доираи иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе баҳри ободониву баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва одоби шаҳрнишинии сокинони пойтахт амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” баргузор гардид.

Вай таъкид намудааст, ки дар ин раванд бештари аз одатҳои ба халқу миллати тамаддунофари тоҷик бегона, овезон намудани либос дар пештоқи хона, ба истилоҳ (балкон) ва дар ҷойҳои номуайян шуда пардофтани партов аз ҷониби шаҳрвандон бартараф карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ВУД Тоҷикистон аз сокинон даъват намудааст, ки барои решакан намудани амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич ба роҳ монда, дар ҳамбастагӣ пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок гирифта шавад.


  Дар идомаи вохурӣ шаҳрвандону фаъолони ҷомеа пешниҳодҳои худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти пешниҳод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0