Пентагон пойгоҳи ҳавоии Багромро ба давлати Афғонистон месупорад: ин чӣ маъно дорад

CC BY 2.0 / The U.S. Army / One Last LookАмериканские войска увозят раненых, архивное фото
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Хуруҷи зуди нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон - бидуни ташаккули нақшаҳои пешакии амниятӣ – фирор зери шиори: "Пас аз мо - ҳар чизе шавад!"- ро ба ёд меорад. Ин иқдом хавфҳои нави афзоиши ҷангро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меорад
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вашингтон ва Брюссел ба Кобул "ҷуброн", яъне пул пешниҳод карданд, аммо амният ва сулҳро дар бозори Афғонистон харидан ғайриимкон аст.
Фармондеҳии марказии ИМА 1 июн хабар дод, ки аз 30-44 фоизи сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд. Ҳавопаймоҳои низомии Boeing C-17 Globemaster III 300 парвоз анҷом доданд. Ба Агентии таъминоти мудофиавӣ 13 ҳазор таҷҳизот низомӣ барои нобудсозӣ супорида шуд. Пентагон инчунин эълом дошт, ки тайи се ҳафтаи оянда бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Багром, ки макони ситоди марказии Амрико дар Афғонистон ба ҳисоб меравад ба давлати Ҷумҳурии Исломӣ супорида мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар ин пойгоҳ, ҳазорҳо низомиёни хориҷӣ ҷойгир шудаанд.
Қаблан роҳбари Ожонсии иттилоотии маркази (CIA) Вилям Бернс гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон имкониятҳои Иёлоти Муттаҳидаро заиф хоҳад кард. Як қатор коршиносон дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо қайд карданд, ки ин раванд ба фироре монанд аст, ки оқибатҳои пешгӯинашавандаро дорад. Кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ низ аз ин раванд нигаронанд ва гуфтугӯҳои мунтазами телефонии вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен бо ҳамкорони минтақавӣ онҳоро ором намекунад.
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Боз як пойгоҳи низомии дигари Амрико ба артиши Афғонистон супурда шуд
Кӯшишҳои Вашингтон барои кӯч додани пойгоҳҳои низомӣ аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя, дар Душанбе, Тошканд, Бишкек, Нур-Султон, Ашқобод ва Исломобод нофаҳмиҳоро ба миён гузоштааст. Дар навбати худ, Толибон ба чунин нақшаҳои Иёлоти Муттаҳида шадидан мухолифат карданд ва эълон карданд, ҳар кишваре, ки ин “иштибоҳ”-ро мекунад ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Дар ин вазъ, Брюссел кӯшиш дорад, ки обрӯи худро наҷот диҳад - Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ваъда дод, ки маблағгузории нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳузури дипломатиро дар Афғонистон идома хоҳад дод. Кобул аз ақибнишинии шарикони ғарбии худ ноумед аст ва ният дорад ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро бо Маскав рушд диҳад.

Кобули таркида

Дар пойтахти Афғонистон рӯзи 1 июн бар асари ду таркиш ҳашт нафар кушта ва 14 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳадаф автобусҳои шаҳрӣ буд. Чунин ба назар мерасид, ки чаро "мухолифони мусаллаҳ" бояд мардуми осоиштаро ба қатл расонанд, агар нерӯҳои хориҷӣ бар асоси нақша бароварда шаванд, механизми гуфтушунидҳои байни афғонҳо мавҷуд бошад, роҳи муҷоҳидин ба сӯи қудрат ва сулҳ боз аст? Шояд дар муҳокима дар бораи ояндаи кишвар ва дар мубориза барои қудрат, Толибон ягон далели дигар надоранд - таҷдиди ҷумҳурӣ ба аморат бо роҳҳои маъмулии террористӣ идома дорад.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Мулоқоти Муҳриддин бо намояндаи вижаи ИМА: аз сулҳ дар Афғонистон то ҳамкориҳо бо Амрико
Афзоиши қобили мулоҳизаи даргириҳо байни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар моҳи май боиси суръат бахшидани хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО гардид - то миёнаи тобистон онҳо аз байн хоҳанд рафт. НАТО ният дорад ба вазъ ба таври дипломатӣ таъсир расонад, нерӯҳои амниятии Афғонистонро маблағгузорӣ кунад ва масъалаи омӯзиши сарбозони афғонро дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломӣ баррасӣ намояд.
Тақрибан 1000 корманди сафорати Амрико дар Кобул боқӣ мондаааст, аммо дар асл Афғонистон ба ҳоли худ гузошта шудааст - пул ва дипломатҳо худ аз худ оташ намекуоянд. Омӯзиши тӯлонии артиши Афғонистон тибқи стандартҳои НАТО пирӯзиро бар Толибон таъмин карда натавонист. Артиши 350 ҳазорнафарии Афғонистон, ки аз ҷониби амрикоиҳо омӯзонида, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз карда шудааст, қодир нест, ки ба "артиши" тақрибан 50 ҳазор нафараи Толибон муқовимати кофӣ нишон диҳад. Ва хоҳиши Кобул барои таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо Маскав, ки ба таври возеҳ бо манфиатҳои Вашингтон мувофиқат намекунад, хеле назаррас ба назар мерасад. Рӯзи 29 май сафири Афғонистон дар Русия Саид Тайб Ҷавод эълом дошт, ки Кобул омода аст аз Маскав силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ бихарад. Гузашта аз ин, Афғонистон чунин мешуморад, ки "Русия бояд аз бозгашти режими Толибон пешгирӣ кунад."
Дар соҳаи таҳкими амнияти минтақавӣ, кишварҳои СПАД бо роҳи худ, амалӣ ва воқеъбинона пеш мераванд - ба наздикӣ дар Осиёи Марказӣ панҷ машқҳои муштарак баргузор хоҳад шуд.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон
Масъули самти стратегии Осиёи Марказии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар фасли тобистон дар ҳудуди Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон нӯҳ машқҳои муштараки байналмилалӣ баргузор мекунад. Хотиррасон мешавем, ки ба сохтори Ҳавзаи марказии ҳарбӣ пойгоҳи низомии 201-Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи муттаҳидаи низомӣ дар Қирғизистон шомил мешавад.

Қалъаи таслимшуда

Пойгоҳи ҳавоии Багром барои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дорад, ин иншооти азими низомӣ бо якчанд ҳалқаи амниятӣ ва роҳи парвоз дар бо дарозии 3600 метр, дар 40 километии Кобул сохта шудааст, ки имкони назорати тамоми қаламрави кишварро аз фазо дорад. Дар ҷумҳурӣ "фурудгоҳҳои эҳтиётӣ" -и дорои чунин аҳамият ва миқёс мавҷуд нест. Пас аз супоридани Багром ба нерӯҳои ҳукуматӣ, ҷангҷӯёни Толибон метавонанд ба зудӣ пойгоҳи ҳавоиро зери контроли худ бигиранд, то нерӯҳои хориҷӣ аз имкони бозгашти зуд маҳрум шаванд.
Тағйири зуди чунин вазъ барои Кобул ва нерӯҳои эътилофӣ мушкилоти навро ваъда ба бор меорад, ки барои хуруҷ тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ вақт боқӣ нахоҳанд монд. Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ бо роҳҳои заминӣ комилан ғайривоқеӣ мебошанд, Афғонистон бахши пешрафтаи нақлиётӣ надорад, ва роҳҳо ба минтақаҳои зери назорати нерӯҳои давлатӣ ва беш аз 30 гурӯҳҳои террористӣ тақсим карда шудааст.
Афганистан - Армия США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Амрико барои шармсор кардани худ дар Афғонистон, миллиардҳо харҷ кард
Барои мисол, нигаронии бештар миёни низомиёни Олмон мавҷуд аст (то 1300 сарбоз). Дар охири моҳи феврал, ҳукумати Олмон иштироки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро дар амалиёти байналмилалии таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон то 31 январи соли 2022 тамдид кард. Бундесвер дар тӯли 20 сол дар Афғонистон 59 сарбоз ва беш аз 16 миллиард евро аз даст дод.
Рӯзи 1 июн вазири дифоъи Афғонистон Асадуллоҳ Холид бо хушбинӣ гуфт, ки ҳатто пеш аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ то 90 дарсади амалиёти низомиро воҳидҳои афғон анҷом медоданд ва Толибон ба зудӣ "аз хушунат даст мекашанд ва ба раванди сулҳ мепайванданд. "Холид умедвор аст, ки ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои НАТО идома хоҳад ёфт: “Ҷомеаи байналмилалӣ бо мо ӯҳдадор аст ва созишнома дорад. Агар лозим ояд ... нерӯҳои ҳавоии онҳо дар ҷое, ки ниёз дорем, ба мо кумак мерасонанд.” Саволи асосӣ дар он аст, ки ин нерӯҳо аз куҷо метавонанд ба кӯмаки нерӯҳои Афғонистон расанд? Нигоҳ доштани як киштии ҳавопаймобари ИМА дар Халиҷи Форс барои "ҳифзи" ҳукумати кунунии Афғонистон хеле гарон аст ва имконоти дигар ба назар намерасанд.
США выводят войска из Афганистана, уступая террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2020
Сулҳ ба Афғонистон меояд? хуруҷи низомиёни Амрико аз хоки ин кишвар - видео
Тибқи маълумоти NYT, Амрико ва НАТО ният доранд, ки нерӯҳои худро то аввали нимаи моҳи июл аз Афғонистон хориҷ кунанд. Онҳо ба хонаҳои худ барнамегарданд. Ва "зангҳои" -и ахири вазии хориҷаи Амрико Энтони Блинкен ба ҳамкорони худ дар Осиёи Марказӣ номуайянии шадид дар бораи ояндаро инъикос.
Фикр мекунам, пешгӯии дақиқтарини вазъи ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ҷониби раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Марк Миллӣ дода шудааст: “Ин бад ё хеле бад хоҳад буд. " Тибқи иттилои СММ, илова бар Толибон *, дар 15 вилояти Афғонистон ҷангҷӯёни Ал-Қоида* ҳузур доранд ва намояндагони Давлати Исломӣ* саъй доранд Толибони мухолифи раванди сулҳро ба сафи худ ҷалб намоянд. Ҷанг ба охир нарасидааст.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0