Душман пеши дар: “Толибон” марз бо Тоҷикистонро гирифтанд

Обуна шудан
Ду ҳафта то хуруҷи пурраи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аъзои “Толибон”*, бо ҷанг минтақаи калидии марз бо Тоҷикистон, гузаргоҳи гумрукию тиҷоратии “Шерхон – Бандар”- ро ғасб карданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Нерӯҳои ҳукуматӣ дар навоҳии наздимарзӣ мағлуб шуданд ва таҳдиди гузариши терроризм ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт.
Ҷангҷӯёни ҳаракати ифротии “Толибон”, мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон, рӯзи 22 июн гузаргоҳи асосии марзӣ, миёни Афғонистон ва Тоҷикистон - гузаргоҳи Шерхон-Бандар ва шаҳраки атрофи ону тамоми посгоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд.
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ин минтақа мавқеъҳои худро тарк карданд ва баъзе сарбозон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ намуданд. Ҳаракат гузаргоҳ қатъ карда шудааст.
Амалиёти асосии ҷангӣ дар атрофи шаҳри Кундуз, ки дар муҳосираи Толибон аст, идома дорад. Тақрибан ҳамзамон ҷангҷӯён дар минтақаҳои Бағлон, Ҳирот, Кундуз, Форёб якчанд ноҳияро ишғол карданд. Тӯли ду моҳи охир ин ҳаракат беш аз 30 ноҳияро ишғол кард ва имрӯз аз чор се ҳиссаи қаламрави ҷумҳурии исломиро дар ихтиёр дорад. Толибон эҳсос мекунанд, ки пирӯзии комил наздик аст.
Талибы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коршиноси низомӣ: пеш аз ҳамла ба Тоҷикистон "Толибон" бояд Кобулро бигиранд
Эҳтимоли шикасти Кобул зиёд аст. Нерӯҳои ҳукуматӣ ва полис аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба уҳдгузоштаашон мебароянд. Ҳафтаи гузашта президент Ашраф Ғанӣ маҷбур шуд, ки вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳро иваз кунад. Чунин ба назар мерасад, ки як оҳанги ноумедӣ аст. Вакилони парлумони Афғонистон гуфтанд, ки ҳукумат назорати вазъро дар ин кишвар аз даст додааст ва ба ташкили ҷабҳаи мардумӣ барои мубориза бо “Толибон”* даъват кард.
Дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар музофотҳои Тахор, Бағлон, Ҷузҷон, Сари Пул, Форёб, Кундуз, Балх, Парвон, Қандаҳор ва Бадгис воҳидҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд. Аммо ҷанговарони мардумӣ бо силоҳи заиф чӣ кор кард метавонанд дар ҷое, ки артиши ҳукуматии муҷаҳҳаз ва ба стандартҳои НАТО таълимдида оҷиз монд?
Дар ҳамин ҳол, дастёбии “Толибон” ба марзи Тоҷикистон танҳо як муваффақияти маҳаллӣ нест. Гузаргоҳи Шерхон-Бандар муҳимтарин нуқтаи савдо ва интиқоли мол байни Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад; ҳаҷми назарраси мубодилоти молӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз он мегузарад.
Хоста ё нахоста, “Толибон” аллакай ба муносибатҳои байналмилалӣ берун аз Афғонистон дахолат мекунанд. Тоҷикистон амнияти сарҳадро тақвият дод ва омода аст, ки даҳ ҳазор паноҳандаи афғонро қабул кунад.

Осиёи Марказӣ мутаваҷеҳ мешавад

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, ки минтақаи масъулияташ Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мебошад, хабар дод, ки хуруҷи воҳидҳои Амрико аз Афғонистон беш аз 50% иҷро шудааст ва то 10 июл ба итмом мерасад.
Роҳбари ҳайати кумакрасони СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки муноқишаи байни афғонҳо бо роҳи осоишта ҳал карда мешавад.
Аммо, тактикаи “Толибон”, ки марказҳои музофотҳоро муҳосира кардаанду аз омодагӣ ба ҳамла - дарҳол пас аз беруншавии нерӯҳои хориҷӣ мегӯянд, шубҳае намегузорад, ки авзоъ ба шеваи бад сурат мегирад. Ҳамсояҳо маҷбуранд, ки барои бартараф кардани таҳдидҳо қувва ва воситаҳоро муттамарказ кунанд.
Дар музокироти дуҷонибаи рӯзи 22 июн дар Душанбе, дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев ва ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон - Насрулло Маҳмудзода, Асет Исекешев ва Марат Иманқулов - масъалаҳои амниятии марбут ба вазъи Афғонистон ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД ва Созмони Ҳамкории Шанхай (Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Покистонро дар бар мегирад) баррасӣ намуданд.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео
Қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу бо ҳамтоёни худ дар Осиёи Марказӣ мулоқот карда буд. Идораҳои дифои Русия ва Ӯзбекистон барномаи шарикии стратегиро дар соҳаи низомӣ барои солҳои 2021-2025 омода кардаанд.
Сатҳи салоҳият ва масъулияти музокиракунандагон аз ҷиддияти мушкилоти Афғонистон шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои муттаҳид сохтани саъйҳо барои ҷилавгирӣ аз гузариши эҳтимолии терроризм (таҳти ҳама гуна "франшиза") ба фазои ИДМ азм доранд.
Русия ба ҳама гуна таҳаввулоти Афғонистон, аз ҷумла даври нави ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши кӯчиши террористӣ дар шимол омода аст. СААД барои беҳтар кардани қобилияти мудофиавии аъзои ташкилот ҳама кори имконпазирро хоҳад кард. Ғайр аз ин, бояд аз имконоти Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он ҳамаи давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон намояндагӣ мекунанд, аз ҷумла Покистон ва Эрон (дар СҲШ ба ҳайси нозир) истифода бурда шаванд.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи 23 июн дар Конфронси байналмилалии амниятӣ дар Маскав гуфт, ки кушодани "гиреҳи афғон" бидуни ҳамкорӣ бо Исломобод ва Теҳрон ғайриимкон аст.

Дежа - вю

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар ҷаласаи 22 июни Шӯрои амнияти СММ гуфт, дар давоми ду ҳафта хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ба итмом мерасад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебинад, ки “Толибон”* ҳеҷ кадоме аз созишҳои Доҳаро иҷро накардаанд. Аслан, ин пӯшида набуд.
Пентагон ва НАТО кайҳо ташаббусро дар Афғонистон аз даст додан хориҷшавии шитобкоронаи худро бо тафсирҳои муносиб пинҳон мекунанд. Аксарият боварӣ доранд, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон барои Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ - рақибони геополитикии Ғарб як доми стратегӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон бо Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Чин, Эрон, Ҳиндустон ҳаммарз аст. Ҳамаи ин кишварҳо, ки дар наздикии давлати радикалӣ ҷойгиранд, ба коҳиши амнияташон маҳкуманд. Гӯиё ин чизест, ки ба Вашингтон зарур мебошад.
Аммо, ҷустуҷӯҳои пайдарпайи "фурудгоҳи эҳтиётӣ" барои Пентагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки хуруҷ аз Афғонистон чораи иҷборист.
Рӯзи 21 июн дар мусоҳиба бо Ассошиэйтед Пресс президенти амрикогарои собиқи ИРА, Ҳомид Карзай рӯирост изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО дар Афғонистон ноком шуданд:
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Сарбозони афғон, ки аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, ба ватан баргаштанд
“Ҷомеаи байналмилалӣ 20 сол қабл бо ҳадафи возеҳи мубориза бо ифротгароӣ ва таъмини субот омада буд, аммо феълан нерӯҳои эътилоф кишварро “бо шармандагии комил” тарк мекунанд. Дар 20 соли мубориза “Толибон”* воқеан Иёлоти Муттаҳидаро ба сулҳ маҷбур карданд. Ва шояд, ба зудӣ “Толибон”* бештар аз як қудрат дар як кишварро мехоҳанд. Бояд қайд кунем, ки онҳо аз лоиҳаи "Аморати Исломӣ" даст намекашанд. Дар ин кишвар нерӯҳои дигари харобкор - созмонҳои террористии “Алқоида”* (дар Русия мамнӯъ), ДИИШ ё ДОИШ*, ки дар Русия мамнӯъ аст ва тақрибан 30 гурӯҳи террористии дигар мавҷуданд.
Хотиррасон мекунам, ки “Толибон”* соли 1996 қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд ва шадидтарин қонуни шариатро ҷорӣ карданд: қатлҳои оммавӣ ва буридани узвҳо барои хурдтарин қонуншиканӣ, ҷудоии комили занон аз ҳаёти ҷамъиятӣ, манъи филмҳо, телевизион ва мусиқӣ. Мардон бояд риш дошта бошанд, занон - бурқа, вагарна - марг. Ғайр аз ин, Толибон сарварони маъруфи Ал-Қоидаро* паноҳгоҳ додаанд. Пас аз панҷ сол, Толибонро нерӯҳои ИМА ва НАТО сарнагун карданд.
Раҳбари Пентагон Ллойд Остин мӯътақид аст, ки Ал-Қоида* метавонад тақрибан ду сол пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон нуфузашро дубора барқарор кунад ва бори дигар ба Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидинаш таҳдид кунад. Он гоҳ метавонад даври семоҳаи таърихии Афғонистон такрор шавад. Гузашта аз ин, барои суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии "хилофат" бешубҳа нерӯҳо ва захоири тозаи кишварҳои ҳамсоя ниёз хоҳад дошт.
*созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0