Коршиноси низомӣ: пеш аз ҳамла ба Тоҷикистон "Толибон" бояд Кобулро бигиранд

© Пресс-центр 209 корпуса "Шахин"Талибы
Талибы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
“Толибон”* дар Осиёи Марказӣ ҷанг нахоҳанд кард. Ҳадди аққал то замоне, ки онҳо Афғонистонро пурра зери назорати худ нагиранд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Александр Михайловский, коршиноси низомӣ дар суҳбат бо рӯзномаи “МК" гуфт, ки ҳамлаи гурӯҳи “Толибон”* дар моҳҳои наздик ба кишварҳои ҳамсоя шубҳаовар аст.
"Вазифаи рақами як барои “Толибон”* забти Кобул ва муттаҳид сохтани анклавҳои онҳо дар ҷануб ва шимоли кишвар аст", - гуфт коршинос.
Михайловский афзуд, дар сурате, ки “Толибон”* нерӯҳои худро муттаҳид созанд, шумораи артиши онҳо аз нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёдтар хоҳад шуд.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео
Таҷрибаи зиёди “Толибон”* дар гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ ва диверсияӣ ба фоидаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нест. Коршинос аз миқдори зиёди техникаи ҳарбӣ таъкид дошт.

"Ман дар хотир надорам, ки дар таърихи ҷаҳон дар муддати кӯтоҳ ва қувваи кам ин қадар силоҳ забт шавад. Мо метавонем бигуем, ки Иёлоти Муттаҳида ин ҳама таҷҳизот ва силоҳро ба “Толибон”* тақдим кардааст", - қайд кард коршиноси ҳарбӣ.

Михайловский тавозуни қудратҳоро арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки Русия ба Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард ва дар мубориза бо терроризм метавонад иттифоқе аз Русия, Ҳиндустон, Чин ва Эрон ба миён ояд.
Коршинос бо тааҷҷуб илова кард, ки мавзӯи забти “Толибон”* дар шимоли Афғонистон дар ВАО ба таври васеъ инъикос намешавад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0