https://sputnik.tj/20210624/sarbozon-afgon-tolibon-tojikiston-firor-vatan-bargashtand-1040413437.html
Сарбозони афғон, ки аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, ба ватан баргаштанд
Сарбозони афғон, ки аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, ба ватан баргаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан марзи Тоҷикистону Афғонистон баста аст ва рафту омад қатъиян маҳдудаст
2021-06-24T14:58+0500
2021-06-24T14:58+0500
2021-06-24T15:06+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040374194_0:72:768:504_1920x0_80_0_0_4e3fa7482188331749f73137809549f2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. 134 сарбозе, ки ахиран бар асари задухӯрди шадид бо Толибон маҷбури фирор ба Тоҷикистон шуданд, дубора ба ватани худ баргаштанд. Аз боз пас рафтани низомиёни Афғонистон ба ватан сомонаи Фараж хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ду сарбози афғон, ки аз тири Толибон захмӣ шуда буданд ва дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун бистарӣ шуданд, низ шифо ёфтанд ва ҳамроҳи низомиёни дигар ба Афғонистон баргаштанд.Манбаъ аз қавли Аҳёев Муҳаммадӣ сардухтурои ин беморхона менависад, ки пас аз иттифоқ афтодани ин кор онҳо гурӯҳи ёрии таъҷилиро ба кӯмаки низомиёни захмишуда фиристонданд ва сипас онҳоро ба бемористон интиқол доданд.Маврид ба зикр аст, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон муваққатан баста аст ва рафту омад манъ аст.Ёдовар мешавем. ки рӯзи 21 июн тақрибан соати 19:00 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон" ба Комиссариатм сарҳадии "Шерхон - Бандар" -и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд.Задухӯрди мусаллаҳона миёни Толибон ва низомиёни афғон то соати 09:00 - и рӯзи 22 июн идома кард, ки дар натиҷа 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС "Панҷ" сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.Зимнан, КДАМ Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳорот дод, ки сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.Дар миёни ҳарбиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4 маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дошт.Гузашта аз ин, мақомоти Афғонистон эълон намуданд, ки теъдоди куштшудаву асирафтода ва ҳамчунин маҷрӯҳгардида ба 100 нафар баробар шуд.
https://sputnik.tj/20210624/korshinos-davlati-afghoniston-huruji-amriko-suqut-1040412111.html
https://sputnik.tj/20210624/nigaroni-rahmon-mirziyoev-vazi-noamn-afghoniston-1040402525.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040374194_0:0:768:576_1920x0_80_0_0_229008e03eee5c5db2f865829f92108c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, низомиён, тоҷикистон
афғонистон, низомиён, тоҷикистон
Сарбозони афғон, ки аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, ба ватан баргаштанд
14:58 24.06.2021 (Навсозишуда: 15:06 24.06.2021) Феълан марзи Тоҷикистону Афғонистон баста аст ва рафту омад қатъиян маҳдудаст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. 134 сарбозе, ки ахиран бар асари задухӯрди шадид бо Толибон маҷбури фирор ба Тоҷикистон шуданд, дубора ба ватани худ баргаштанд. Аз боз пас рафтани низомиёни Афғонистон ба ватан сомонаи Фараж хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ду сарбози афғон, ки аз тири Толибон захмӣ шуда буданд ва дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун бистарӣ шуданд, низ шифо ёфтанд ва ҳамроҳи низомиёни дигар ба Афғонистон баргаштанд.
Манбаъ аз қавли Аҳёев Муҳаммадӣ сардухтурои ин беморхона менависад, ки пас аз иттифоқ афтодани ин кор онҳо гурӯҳи ёрии таъҷилиро ба кӯмаки низомиёни захмишуда фиристонданд ва сипас онҳоро ба бемористон интиқол доданд.
"Вазъи саломатияшон, ки хуб шуд, онҳоро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридем", - афзудааст Аҳёев.
Маврид ба зикр аст, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон муваққатан баста аст ва рафту омад манъ аст.
Ёдовар мешавем. ки рӯзи 21 июн тақрибан соати 19:00 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон" ба Комиссариатм сарҳадии "Шерхон - Бандар" -и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд.
Задухӯрди мусаллаҳона миёни Толибон ва низомиёни афғон то соати 09:00 - и рӯзи 22 июн идома кард, ки дар натиҷа 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС "Панҷ" сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.
Зимнан, КДАМ Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳорот дод, ки сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.
Дар миёни ҳарбиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4 маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дошт.
Гузашта аз ин, мақомоти Афғонистон эълон намуданд, ки теъдоди куштшудаву асирафтода ва ҳамчунин маҷрӯҳгардида ба 100 нафар баробар шуд.