Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки муфлисшудаи "Тоҷиксодиротбонк"

© Sputnik / Игорь ЛекаркинТоджиксодиротбанк. Архивное фото
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” оғоз кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар сомонаи худ иттилоъ додааст, ки рӯзи 23 июни соли равон пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони бонки муфлисшудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” оғоз кард.
Хазина таъкид доштааст, ки ҶСК “Ориёнбонк” ба сифати бонк-агент таъин карда шуда, аз ном ва ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мекунад.
“Пардохти ҷубронпулии суғурта дар филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” аз рӯи минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон аз санаи 23 июни соли 2021 амалӣ карда мешавад. Руйхати филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” амалӣ карда мешавад дар сомонаи Хазина www.idif.tj оварда шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Гуфта шудааст, ки ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент пасандоздорон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ариза дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар шакли муқарраркардаи Хазина пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатнома ариза пешниҳод намоянд.
Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад.
Тибқи иттилои манбаъ, маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 ҳазор сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
БМТ мудирони муваққатии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро таъин мекунад
Ёдрас мешавем, ки иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд.
Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон санаи 4 июни соли равон қабул карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0