Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Чаро эмгирифтаҳо дубора маризи коронавирус мешаванд: Аграновский сабабашро гуфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкОткрытие пунктов вакцинации в торговых центрах Екатеринбурга
Открытие пунктов вакцинации в торговых центрах Екатеринбурга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Чунин ҳолаҳо кам нестанд ва ин тааҷҷубовар ҳам нест, мегӯянд коршиносон
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Маъмулан ваксин бояд муддати дароз организми инсонро муҳофизат кунад. Аммо вақтҳои охир сару садоҳо дар мавриди мариз шудани нафароне, ки аллакай эм гирифтаанд, баланд мешавад.
Омили асосии дубора мариз шудани эмгирифтаҳоро профессори Донишгоҳи давлатии Маскав, доктори илмҳои биологӣ Алексей Аграновский шарҳ додааст.
Ба гуфтаи коршинос, омили асосӣ ин бурузи навъҳои нави ин вирус аст.
Ӯ мегӯяд, штамми ҳиндӣ, ки ҳоло Аврупо ва Русияро домангир намудааст, бисёр қавист ва хатарзо аст.
Президент Республики Филиппины Родриго Дутерте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
"Ваксин нагирӣ - кунҷи зиндон ҷоят": таҳдиди президенти Филлипин ба мардум - навор
Аммо нафароне, ки алайҳи коронавирус эм гирифтаанд, бемории онҳо дар шакли нисбатан суст ҷараён мекунад ва ба оқибати вазнин оварда намерасонад.
Омили дигарро ин мутахассис ба интиқоли нодурусти ваксин рабт дод.
Ба андешаи ӯ, агар шароити нигоҳдории дору ҳангоми интиқол дуруст риоя нашавад, пас самаранокии он коҳиш меёбад.
"Агар ин ҳолат рӯй диҳад, пас дар бораи муҳофизати баланди бадан аз бемориҳои такрорӣ сӯҳбат кардан душвор аст", - мегӯяд Аграновский.
Қаблан роҳбари Маркази "Вектор", Ринат Максютов дубора мариз шудани эмгирифтаҳо ба коронавирусро як кори муқаррарӣ гуфт.
"Максютов оморро мисол овард: ҳангоми озмоишҳои клиникӣ аз 150 ихтиёриёни аз 60-сола боло, 20 нафар дубора бемор шуданд. Ин пас аз гирифтани ваксини аввал рух дод".
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Навъи хатарноктари коронавирус аллакай беш аз 90 кишварро фаро гирифт - СҶТ
Мутахассис сурат гирифтани корро чунин шарҳ дод: дар аксари ҳолатҳо, пас аз ворид кардани вояи аввал, бо гузашти 42 рӯз дар организм масунияти комил пайдо намешавад, чун вақт бисёр кӯтоҳ аст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, набояд аз он қисми аҳолӣ фаромӯш шавад, ки ба онҳо ваксин тамоман таъсир намекунад. Ин гуна афрод тақрибан 10 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0