https://sputnik.tj/20210623/vaksin-zindon-tahdid-prezident-fillipin-navor-1040381706.html
"Ваксин нагирӣ - кунҷи зиндон ҷоят": таҳдиди президенти Филлипин ба мардум - навор
"Ваксин нагирӣ - кунҷи зиндон ҷоят": таҳдиди президенти Филлипин ба мардум - навор
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Филиппин ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки агар алайҳи коронавирус эм нагиранд, пас ӯ ваксини хукро истеҳсол мекунад, ки ҳам вирус ва ҳам худи онҳо мекушад
2021-06-23T13:16+0500
2021-06-23T13:16+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар ҷаҳон
президент
тандурустӣ
таҳдид
филиппин
эмгузаронӣ
навор
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040380836_0:39:2910:1676_1920x0_80_0_0_65017b5d5ee674c9c3df83237cceb6d0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вобаста ба авҷи маризии коронавирус дар ҳар кишвар маҳдудияту чораҳои пешгирикунанда пиёда мегарданд.Аммо тасмиме, ки раисиҷумҳури Филиппин гирифтааст, шояд бесобиқа бошад.Родриго Детерте шаҳрвандони Филиппинро ба гирифтани ваксин алайҳи коронавирус маҷбур намудааст, менависад The Guardian.Изҳороти тунди Детерте пас аз он садо дод, ки шумораи умумии шаҳрвандони эмгирифта маълум шуд. Дар ин кишвар танҳо 1.8 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID - 19 ваксин гирифтаанду халос.Ӯ дар муроҷиати худ ба шаҳрвандон гуфтааст, ки агар хоҳиши дар Филиппин истоданро дошта бошанд, пас бояд ҳатман эм гиранд, "дар акси ҳол ватанро тарк кунанд".Дар идома ӯ зикр намуд, ҷойи нафароне, ки аз гирифтани ваксин саркашӣ мекунанд - кунҷи зиндон аст.Бар тибқи маълумоти ахир, дар Филиппин теъдоди сироятёфтагон аз маризии коронавирус ба 1 миллиону 36 ҳазор расидааст, ки аз ин миён 23,7 ҳазор бемор ҷон аз даст доданд.
филиппин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040380836_108:0:2839:2048_1920x0_80_0_0_ad797d4efb2b7a7e51686c515176352c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филиппин, ваксин, эм, таҳдид
филиппин, ваксин, эм, таҳдид
"Ваксин нагирӣ - кунҷи зиндон ҷоят": таҳдиди президенти Филлипин ба мардум - навор
13:16 23.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Кишвардори Филиппин ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки агар алайҳи коронавирус эм нагиранд, пас ӯ ваксини хукро истеҳсол мекунад, ки ҳам вирус ва ҳам худи онҳоро мекушад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вобаста ба авҷи маризии коронавирус дар ҳар кишвар маҳдудияту чораҳои пешгирикунанда пиёда мегарданд.
Аммо тасмиме, ки раисиҷумҳури Филиппин гирифтааст, шояд бесобиқа бошад.
Родриго Детерте шаҳрвандони Филиппинро ба гирифтани ваксин алайҳи коронавирус маҷбур намудааст, менависад The Guardian.
Изҳороти тунди Детерте пас аз он садо дод, ки шумораи умумии шаҳрвандони эмгирифта маълум шуд. Дар ин кишвар танҳо 1.8 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID - 19 ваксин гирифтаанду халос.
Ӯ дар муроҷиати худ ба шаҳрвандон гуфтааст, ки агар хоҳиши дар Филиппин истоданро дошта бошанд, пас бояд ҳатман эм гиранд, "дар акси ҳол ватанро тарк кунанд".
"Равед ба Амрико ё Ҳиндустон. Онҳое, ки ваксин гирифтан намехоҳанд, ман барои онҳо ваксини хукро омода мекунам, ки ҳам вирус ва ҳам худи онҳоро мекушад", - таҳдид намудааст кишвардори Филиппин.
Дар идома ӯ зикр намуд, ҷойи нафароне, ки аз гирифтани ваксин саркашӣ мекунанд - кунҷи зиндон аст.
Бар тибқи маълумоти ахир, дар Филиппин теъдоди сироятёфтагон аз маризии коронавирус ба 1 миллиону 36 ҳазор расидааст, ки аз ин миён 23,7 ҳазор бемор ҷон аз даст доданд.