Навъи хатарноктари коронавирус аллакай беш аз 90 кишварро фаро гирифт - СҶТ

© Sputnik / Павел БедняковЛечение коронавируса в России
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, навъи коронавируси делта, бо номи намуди ҳиндӣ низ шинохта аст ва дар беш аз 90 давлати дунё сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Мария ван Керкхов, мақомдори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, коронавируси Delta, ки бори аввал дар Ҳиндустон ошкор шуда буд, то ҳол дар 92 кишвар сабт гардидааст.
"Гунаи Delta дар 92 кишвар сабт шудааст. Он боиси нигаронии ҷиддӣ аст, чунки бештар сирояткунанда аст ва бо суръат дар ҷаҳон паҳн мешавад", - иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Керкхов.
Манбаъ афзуд, ки дараҷаи паҳншавии ин вирус ба беэътиноии одамон дар мавриди қоидаҳои беҳдоштӣ дар кишварҳои гуногун вобастагӣ дорад.
Лечение больных COVID-19 в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Коронавирус ҳуҷайраҳои баданро тағйир медиҳад?
Брюс Эйлвард, ёвари мудири кулли СУТ мушкили дигарро дар он гуфтааст, ки тақрибан 40 кишваре, ки дар механизми COVAX иштирок мекунанд, барои идома додани барномаҳои эмгузаронӣ ваксинаҳои кофӣ надоранд.
Ин дар ҳолест, ки СУТ аз тариқи ин механизм тақрибан 90 миллион вояи ваксинаҳоро тақсим кардааст. Дар баъзе кишварҳо доруҳо пурра тамом шудаанд, захираи ваксинаҳо дар кишварҳои дигар танҳо барои бо вояи дуюм эм кардани касоне, ки вояи якумро гирифтаанд, кифоят мекунад, изҳор доштааст Эйлвард ва онро фоҷиа хонд.
Мутобиқи шартҳои барномаи COVAX дар назар аст, ки то охири соли 2021 ҳудуди 2 миллиард воя ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол ва дар саросари ҷаҳон баробар тақсим гардад.
Лентаи хабарҳо
0