https://sputnik.tj/20210621/paydo-shudani-jasad-mardi-noshino-kanali-hisor-1040349791.html
Пайдо шудани ҷасади як марди ношинос аз канали Ҳисор
Пайдо шудани ҷасади як марди ношинос аз канали Ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд
2021-06-21T21:59+0500
2021-06-21T21:59+0500
2021-07-07T18:24+0500
дар тоҷикистон
об
ғарқшавӣ
садамаи нақлиётӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d47b1429cdb8d6bc22336114a68eb4c9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Наҷотдиҳандагон аз канали Ҳисор ҷасади як марди ношиносро пайдо карданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодаи Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 19-уми июни соли равон аз рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид." Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Баъди роҳандозии як силсила корҳои фаврӣ бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи зери пули Ҳаёти нави пойтахт ҷасад аз миёни канал ба соҳил оварда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ. Ғарқшуда як марди ба тахмин 50-55 –сола буда, ҳуввияти ӯ маълум нест. Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд.Пештар хабар дода шуд, ки як ҷавони 19-сола – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” аз ғарқ шудан наҷот доданд.Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 14:30 дақиқа дар маҳалле рух дод, ки оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки навбатдорӣ мекарданд, шахсеро диданд, ки нафаре дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.КҲФ меафзояд, онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва ҷавони дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд.Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд.
https://sputnik.tj/20210607/tayi-ruzhoi-istirohati-dar-tojikiston-panj-nafar-gharq-shudaand-1040019968.html
https://sputnik.tj/20210525/daryoft-jasad-duhtar-daryo-khf-1039711771.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b8ed0727947309c009d68123df1e881b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
канали ҳисор ҷасад об ғарқшавӣ
канали ҳисор ҷасад об ғарқшавӣ
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Наҷотдиҳандагон аз канали Ҳисор ҷасади як марди ношиносро пайдо карданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 19-уми июни соли равон аз рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид.
" Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Баъди роҳандозии як силсила корҳои фаврӣ бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи зери пули Ҳаёти нави пойтахт ҷасад аз миёни канал ба соҳил оварда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ғарқшуда як марди ба тахмин 50-55 –сола буда, ҳуввияти ӯ маълум нест.
Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки як ҷавони 19-сола – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” аз ғарқ шудан наҷот доданд.
Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 14:30 дақиқа дар маҳалле рух дод, ки оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки навбатдорӣ мекарданд, шахсеро диданд, ки нафаре дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
КҲФ меафзояд, онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва ҷавони дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд.
Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд.