https://sputnik.tj/20210525/daryoft-jasad-duhtar-daryo-khf-1039711771.html
Пайдо кардани ҷасади духтари ҷавон дар дарёи Варзоб
Пайдо кардани ҷасади духтари ҷавон дар дарёи Варзоб
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир сабаби марги ӯ омӯхта мешавад
2021-05-25T11:15+0500
2021-05-25T11:15+0500
2021-07-07T18:24+0500
вкд
кҳф
ҷасад
дарё
зани ҷавон
садамаи нақлиётӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_0:0:801:450_1920x0_80_0_0_23d4933a3de3dfaed38ac3cf3c0f54b7.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Наҷотбахшони Хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи гузашта ҷасади як занро аз дарёи Варзоб берун оварданд. Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, дар бораи пайдо шудани ҷасади зан ба қисми навбатдории ниҳод, сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.Гуфта мешавад, наҷотбахшон бо расидани хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади зани ҷавони тахминан 20-22-соларо берун оварда, ба пулис супурданд. Аз намояндагии ВКД дар ноҳияи Варзоб ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир шахсияти духтари ҷавон ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.Як рӯз пеш кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе ба кушодани дари манзиле, ки кӯдак дар он буд, кумак карданд. Сигнали кумаказ яксокини бинои нӯҳошёна ба рақами муттаҳидаи наҷоти "112" расид.
https://sputnik.tj/20210507/khf-poytaht-noboligh-gharq-justujui-jasad-kudak-1039309856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_39:0:762:542_1920x0_80_0_0_90cf180b2df2cc49ed747c5f239b7f15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷасад, духтар, дарё, варзоб, кҳф
ҷасад, духтар, дарё, варзоб, кҳф
Пайдо кардани ҷасади духтари ҷавон дар дарёи Варзоб
11:15 25.05.2021 (Навсозишуда: 18:24 07.07.2021) Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги духтари ҷавон омӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Наҷотбахшони Хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи гузашта ҷасади як занро аз дарёи Варзоб берун оварданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, дар бораи пайдо шудани ҷасади зан ба қисми навбатдории ниҳод, сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.
"Хабар дода шуд, ки ҷасад дар дарёи Варзоб ҳудуди деҳаи Ҷангалак пайдо шудааст", - афзудааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, наҷотбахшон бо расидани хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади зани ҷавони тахминан 20-22-соларо берун оварда, ба пулис супурданд.
Аз намояндагии ВКД дар ноҳияи Варзоб ба
Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир шахсияти духтари ҷавон ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.
Як рӯз пеш кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе ба кушодани дари манзиле, ки кӯдак дар он буд, кумак карданд.
Сигнали кумаказ яксокини бинои нӯҳошёна ба рақами муттаҳидаи наҷоти "112" расид.