https://sputnik.tj/20210607/tayi-ruzhoi-istirohati-dar-tojikiston-panj-nafar-gharq-shudaand-1040019968.html
Ғарқшавии 5 нафар тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон: ду нафараш хоҳаронанд
Ғарқшавии 5 нафар тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон: ду нафараш хоҳаронанд
Sputnik Тоҷикистон
Тайи рӯзҳои истироҳати дар Тоҷикистон панҷ нафар ғарқ шудаанд, ки ду танашон хоҳарон буданд
2021-06-07T11:42+0500
2021-06-07T11:42+0500
2021-06-07T19:13+0500
дар тоҷикистон
сирдарё
кҳф
ғарқ шудан
рӯди кофарниҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_613:162:2784:1383_1920x0_80_0_0_fb598d0b8046c2095fa4e9ad9a0ad82c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ мебошанд.Ҳаминтавр, 6 июни ду хоҳар - 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро ёфта ба пайвандонашон супурданд. Дар рӯзҳои истироҳат, сокинони 19 ва 33-солаи минтақаҳои Варзоб ва Шуғнони ВМКБ дар дарёҳои Варзоб ва Кафарниҳон бо дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд. Ба гузориши КҲФ ҷасади сокини ноҳияи Варзоб дарёфт шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади сокини ноҳияи Шуғнон идома дорад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони ҳалокшудагон, бори дигар даъват кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва ҳангоми шиноварӣ бехатариро риоят кунанд.
https://sputnik.tj/20210605/gharqshavi-navras-tojikiston-jasadi-1039992728.html
сирдарё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_740:0:2784:1533_1920x0_80_0_0_d3c191daf9bb40d6c3910d08377eaad4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқ кӯл дарё тоҷикистон кҳф сир кофарниҳон
ғарқ кӯл дарё тоҷикистон кҳф сир кофарниҳон
Ғарқшавии 5 нафар тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон: ду нафараш хоҳаронанд
11:42 07.06.2021 (Навсозишуда: 19:13 07.06.2021) Тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон панҷ нафар ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ мебошанд.
Ҳаминтавр, 6 июни ду хоҳар - 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро ёфта ба пайвандонашон супурданд.
"Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, як духтари 5-сола аз беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон дар дарёи Вахш ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи кӯдак идома дорад", - афзудааст манбаъ..
Дар рӯзҳои истироҳат, сокинони 19 ва 33-солаи минтақаҳои Варзоб ва Шуғнони ВМКБ дар дарёҳои Варзоб ва Кафарниҳон бо дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд.
Ба гузориши КҲФ ҷасади сокини ноҳияи Варзоб дарёфт шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади сокини ноҳияи Шуғнон идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони ҳалокшудагон, бори дигар даъват кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва ҳангоми шиноварӣ бехатариро риоят кунанд.