ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 20 ноябр баррасии парвандаи куштори духтараки панҷсолаи тоҷик Ҳувайдоро бозистонд.
Тавре Шавкат Умаров, ҳомии ҳуқуқи ҷониби ҷабрдида Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, раванди тафтишот ҳудуди 2 моҳ муваққатан бозмеистад ва сипас аз нав барқарор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, муҳокимаи судие, ки рӯзи 20 ноябр дар Додгоҳи вилоятии Маскав баргузор шуд, дар асоси қарори суди ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск (шаҳре ки Сёмин дар он табобат мегирифт - шарҳ аз идора) баргузор гардида буд.
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад
Шарҳ
Моҳи октябр Суди ноҳиявии Сичёвкси Смоленкс қарор қабул кард, ки Александр Сёмин, гумонбар дар куштори Ҳувайдо аз ҷиҳати равонӣ солим аст ва ба табобат ниёз надорад. То ин замон, Сёмин дар яке аз бемористонҳои табобатии вилояти Смоленск қарор дошт ва ҷониби вай иддао доштанд, ки бемории равонӣ дорад.
"Аз сабаби он ки моҳи октябри соли равон суди районии Сичёвски вилояти Смоленск қарор қабул кард, ки Сёмин ба муолиҷаи тиббӣ эҳтиёҷ надорад, мо ҳамин қарорро асос карда, хоҳиш кардем, ки аз нав тафтишот сар шавад, то тафтишоти пурра равад, аммо имрӯз коре шуд, ки тафтишотро боз то як ду моҳи дигар ақиб бурд", - тавзеҳ дод вай.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, дар рафти баргузории суди вилояти Маскав муайян шудааст, ки ҷониби гумонбаршаванда аз болои қарори суди районии Сичёвски вилояти Смоленск шикоят бурдааст ва суди вилоятӣ қарор додааст, ки суди районии Сичёвск қарорашро дубора дида барояд.
"Маҳз бо ҳамин далел, баргузории раванд асосии судӣ бозистонда шуд, то додгоҳи Сичёвск дубора солим будани Александр Сёминро тасдиқ кунад", - афзуд Шавкат Умаров.
Сёминро боз ба суд наоварданд
Зимнан, Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки марофиаи судӣ ин дафъа низ бидуни ҳузури гумонбар Александр Сёмин баргузор шуд. Дар мурофиаҳои судии пештара низ гумонбаршавандаро наоварда буданд.
Саидов пештар гуфта буд, ки Сёмин пас аз маълумотномаи табибон дар бораи сиҳат арзёбӣ шуданаш, бояд ба СИЗО интиқол меёфт.
Қотили Ҳувайдоро “нимдевона” бароварданд, ӯ озод мешавад?
Ёдрас мешавем, тафтишоти парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола ду сол боз идома дорад. Ин духтарак тобистони соли 2018 аз назди хона нападид шуд ва рӯзи дигар ҷасадашро дар борхалта пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз Александ Сёмин, ҷавони ҳамсоя ба гумони даст доштан дар ин қазия боздошт шуд.