https://sputnik.tj/20210427/huvaydo-vazorati-tandurusti-kumak-1039087542.html
Дастури вазир: ба хоҳари 5-солаи Ҳувайдо кӯмак расониданд
Дастури вазир: ба хоҳари 5-солаи Ҳувайдо кӯмак расониданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба хоҳари бемори Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки ба таври фоҷеабор кушташудаи тоҷик дар Русия, кӯмаки тиббӣ расонида шуд
2021-04-27T16:56+0500
2021-04-27T16:56+0500
2021-04-28T16:09+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
кӯмак
кӯдак
қазияи куштори ҳувайдои ғӯрамарг дар серпухов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102686/33/1026863386_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4abbbc3b4bd81502a97682c3968f20e3.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода, ба хоҳари маъюбаш Фархунда Тиллозода кӯмаки тиббӣ расонид.Дар бора сухангӯи вазорат Эмомалӣ Мирзоев ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Бино ба иттилои вазорат, муроҷиатҳои падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хоҳиши кӯмак ба духтари маъюбаш, ба вазири тандурусти Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расонида шуд.Дар натиҷа, вазир ба Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб дастур дод, ки ба кӯдаки маъюб кӯмаки лозима расонида шавад.Ҳамчунин, Мирзоев афзуд, вазир чанд нафарро мутасаддӣ кардааст, ки ин қазияро назорат баранд."Мо бо модари кӯдак дар тамос шудем ва хоҳиш кардем, ки агар аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб кӯмаки лозима расонида нашуд, бо мо тамос гиранд ва мо ин қазияро ба вазир мерасонием ва масъаларо ҳал мекунем", - таъкид кард вай.Падари кӯдаки бемор, Абдусалом Саидов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар ҳақиқат баъди муроҷиати дуборааш ба вазорати тандурустӣ, намояндагони тибб ба манзилаш дар шаҳри Кӯлоб рафтаву кӯдаки беморро аёдат кардаанд ва табобат навиштаанд.Ҳамчунин падари Фархунда мегӯяд, доруворие, ки барои табобати фарзандаш харидорӣ мекунад, хело гарон аст."Он доруҳоро бояд ҳамарӯза истеъмол кунад. Аз ҳама гаронтаринашон якеаш бештар аз 1000 сомонӣ меистад ва дигараш 900 сомонӣ, ки асосан барои асабҳояш таъин кардаанд", - гуфт вай.Дар ҳамин ҳол, аз вазорати танурустӣ гуфтанд, ки дар Тоҷикистон табобати маъюбон ройгон ба роҳ монда шудааст ва ҳама гуна хизматрасониҳо аз ҷониби сохторҳои вазорат ройгон пешниҳод карда мешавад.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад.Куштори Ҳувайдо дар Серпухов Соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.Падари Ҳувайдо: аз қотили фарзандам товон талаб мекунамҲувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст. Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.
https://sputnik.tj/20210408/huvaido-kudak-kushtor-sud-1035101693.html
https://sputnik.tj/20191002/sattorzoda-pofishor-mekunem-kotil-huvaydo-jazo-shadid-girad-1029962041.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102686/33/1026863386_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_c2aaa8eacdc4564530112fbcd57820c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати тандурустӣ, вазир, кумак, ҳувайдо
вазорати тандурустӣ, вазир, кумак, ҳувайдо
Дастури вазир: ба хоҳари 5-солаи Ҳувайдо кӯмак расониданд
16:56 27.04.2021 (Навсозишуда: 16:09 28.04.2021) Ба хоҳари бемори Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки ба таври фоҷеабор кушташудаи тоҷик дар Русия, кӯмаки тиббӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода, ба хоҳари маъюбаш Фархунда Тиллозода кӯмаки тиббӣ расонид.
Дар бора сухангӯи вазорат Эмомалӣ Мирзоев ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои вазорат, муроҷиатҳои падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хоҳиши кӯмак ба духтари маъюбаш, ба вазири тандурусти Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расонида шуд.
Дар натиҷа, вазир ба Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб дастур дод, ки ба кӯдаки маъюб кӯмаки лозима расонида шавад.
"Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб вобаста шуд, ки ба Фархунда Тиллозодаи 5-сола ҳар кӯмаке, ки лозим шуд, таъмин намоя", - таъкид кард вай.
Ҳамчунин, Мирзоев афзуд, вазир чанд нафарро мутасаддӣ кардааст, ки ин қазияро назорат баранд.
"Мо бо модари кӯдак дар тамос шудем ва хоҳиш кардем, ки агар аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб кӯмаки лозима расонида нашуд, бо мо тамос гиранд ва мо ин қазияро ба вазир мерасонием ва масъаларо ҳал мекунем", - таъкид кард вай.
Падари кӯдаки бемор, Абдусалом Саидов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар ҳақиқат баъди муроҷиати дуборааш ба вазорати тандурустӣ, намояндагони тибб ба манзилаш дар шаҳри Кӯлоб рафтаву кӯдаки беморро аёдат кардаанд ва табобат навиштаанд.
"Намояндагони соҳаи тандурустӣ кӯдакӣ беморро 10 рӯз масҳ кардаву гуфтаанд, ки баъди ин ба бемористон бистарӣ мекунанд. Ваъдаи табобат дар санаторияро додаанд. Феълан, масҳи бемор ба анҷом ёфт, аммо маълум нест, ки кай ба бемористон бистарӣ мешавад", - гуфт Саидов.
Ҳамчунин падари Фархунда мегӯяд, доруворие, ки барои табобати фарзандаш харидорӣ мекунад, хело гарон аст.
"Он доруҳоро бояд ҳамарӯза истеъмол кунад. Аз ҳама гаронтаринашон якеаш бештар аз 1000 сомонӣ меистад ва дигараш 900 сомонӣ, ки асосан барои асабҳояш таъин кардаанд", - гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, аз вазорати танурустӣ гуфтанд, ки дар Тоҷикистон табобати маъюбон ройгон ба роҳ монда шудааст ва ҳама гуна хизматрасониҳо аз ҷониби сохторҳои вазорат ройгон пешниҳод карда мешавад.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.
Фархунда Тиллозода, соли таваллудаш 2016 гирифтори фалаҷи майнаи сар аст ва ниёз ба табобат дорад.
Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад.
Куштори Ҳувайдо дар Серпухов
Соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст. Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.