https://sputnik.tj/20210617/mahdudiyatho-bishkek-avj-siroyat-koronavirus-qirghiziston-1040268445.html
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуруъ аз имрӯз маҳдудиятҳо коронаӣ ҷорӣ карда мешавад
2021-06-17T14:06+0500
2021-06-17T14:06+0500
2021-08-10T17:02+0500
қирғизистон
бишкек
осиёи марказӣ
маҳдудият
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032785598_0:0:3283:1847_1920x0_80_0_0_e7b84e60dc5d569ce1e834408982bf5f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Бишкек, дар пойтахти Қирғизистон шуруъ аз 17-уми июн фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо маҳдуд мешавад.Шаҳрдорӣ иттилоъ додааст, ки клубҳои шабона, тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ аз соати 23 то 7 субҳ баста мешаванд. Таъкид шудаааст, ки ин маҳдудиятҳо то беҳшавии вазъи беҳдоштӣ дар Бишкек давом хоҳанд кард.Ёдрас мешавем, ки таи чанд рӯзи ахир дар Қирғизистон якбора омори гирифторон ба COVID-19 якбора афзоиш ёфтааст. Танҳо санаи 16 июн дар Қирғизистон 647 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд. Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар кишвар мавҷи севуми вируси корона идома дорад. Мавҷи дувумро Қирғизистон тирамоҳи соли 2020 пушти сар карда буд. Дар умум дар Қирғизистон 111 990 ҳолати гирифторӣ ва 1912 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20210422/qirghiziston-chor-navi-navi-koronaivrus-oshkor-shud-1038963209.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032785598_337:0:3068:2048_1920x0_80_0_0_2461f9147ee6e2e4b7f2e60afa29ba34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, маҳдудиятҳо, вируси корона, бишкек
қирғизистон, маҳдудиятҳо, вируси корона, бишкек
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
14:06 17.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуруъ аз имрӯз маҳдудиятҳо коронаӣ ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Бишкек, дар пойтахти Қирғизистон шуруъ аз 17-уми июн фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо маҳдуд мешавад.
Шаҳрдорӣ иттилоъ додааст, ки клубҳои шабона, тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ аз соати 23 то 7 субҳ баста мешаванд.
Таъкид шудаааст, ки ин маҳдудиятҳо то беҳшавии вазъи беҳдоштӣ дар Бишкек давом хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки таи чанд рӯзи ахир дар Қирғизистон якбора омори гирифторон ба COVID-19 якбора афзоиш ёфтааст.
Танҳо санаи 16 июн дар Қирғизистон 647 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.
Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар кишвар мавҷи севуми вируси корона идома дорад. Мавҷи дувумро Қирғизистон тирамоҳи соли 2020 пушти сар карда буд.
Дар умум дар Қирғизистон 111 990 ҳолати гирифторӣ ва 1912 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.