https://sputnik.tj/20210422/qirghiziston-chor-navi-navi-koronaivrus-oshkor-shud-1038963209.html
Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд
Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои муайян кардани навъҳои нави коронавирус мутахассисони қирғиз ташхисҳои гуногунро гирифта ба озмоишгоҳҳои русия фиристоданд, ки дар натиҷа мавҷуд будани ҳар чор штамми коронавирус дақиқи шуд
2021-04-22T19:00+0500
2021-04-22T19:00+0500
2021-08-10T17:01+0500
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094973_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_362b09fdc2342484d90d2fa1c1050066.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Қирғизистон аз ошкор шудани чор навъи нави коронавирус дар кишвар хабар дод.Хабаргузории Vesti.kg менависад, Қирғизистонро ҳоло вируси бритонӣ домангир кардааст.Манбаъ меафзояд, барои таҳқиқи амиқи мавҷуд будани навъҳои нави коронавирус, ташхисҳои гуногуни гирифташуда ба лабораторияҳои Русия фиристода шуд.Бар тибқи натоиҷе, ки озмоишгоҳҳои Русия дар ихтиёри ҳамтоёни қирғизи худ гузоштаанд, муайян шуд, ки дар Қирғизистон чор навъ нави коронавирус, аз ҷумла штамми бритонӣ, ҳиндӣ, африқоӣ ва русӣ мавҷуд аст.Дар ҳамин ҳол, вазъи коронавирус дар Қирғизистон алъон нигаронкунанда боқӣ мемонад.Дар шаҳри Бишкек бинобар авҷ гирифтани маризӣ, дасти кам дари 15 макотиб ба рӯи толибилмон баста шуд ва ҳудуди 11 синф аз 14 мактаб ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуд.Бар тибқи маълумоти ахир, феълан 45 хонандаи мактаб гирифтори коронавирус ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210422/maktab-bishkek-qarantin-khonanda-koronavirus-1038921620.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094973_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_f4eddbe658910f2e39f9899bb3ab00fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тандурустӣ, коронавирус, штамм
қирғизистон, тандурустӣ, коронавирус, штамм
Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд
19:00 22.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар Қирғизистон ҳоло коронавируси навъи русӣ, африқоӣ, ҳиндӣ ва бритонӣ ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Қирғизистон аз ошкор шудани чор навъи нави коронавирус дар кишвар хабар дод.
Хабаргузории Vesti.kg менависад, Қирғизистонро ҳоло вируси бритонӣ домангир кардааст.
Манбаъ меафзояд, барои таҳқиқи амиқи мавҷуд будани навъҳои нави коронавирус, ташхисҳои гуногуни гирифташуда ба лабораторияҳои Русия фиристода шуд.
Бар тибқи натоиҷе, ки озмоишгоҳҳои Русия дар ихтиёри ҳамтоёни қирғизи худ гузоштаанд, муайян шуд, ки дар Қирғизистон чор навъ нави коронавирус, аз ҷумла штамми бритонӣ, ҳиндӣ, африқоӣ ва русӣ мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҳол, вазъи коронавирус дар Қирғизистон алъон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Бишкек бинобар авҷ гирифтани маризӣ, дасти кам дари 15 макотиб ба рӯи толибилмон баста шуд ва ҳудуди 11 синф аз 14 мактаб ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуд.
Бар тибқи маълумоти ахир, феълан 45 хонандаи мактаб гирифтори коронавирус ҳастанд.