Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои хариди ваксина бар зидди корона кумак мекунад

© Sputnik / Стас Этвеш / ВакцинаВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Мудирияти Бонки рушди Осиё бо ихтисоси 25 миллион доллар кумаки ройгон ба Тоҷикистон барои хариди ваксинаи корона мувофиқат кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар баёнияи мудирияти Бонки Рушди Осиё таъкид шудааст, ки ин кумаки молии ройгон барои хариди ваксини корона ва бартараф кардани авоқиби бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Кумаки ройгони 25 миллион долларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистони заминаи хариди 3 миллион доза ваксинаи корона барои тазриқ ба беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар аз атбоъи ин кишварро фароҳам месозад.
Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ирояи барномаи миллии мубориза бо бемории COVID-19 аз тарҳи тазриқи ваксинаи корона ба 62 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар хабар додааст.
В Азербайджане началась вакцинация от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
Теъдоди кулли ҷамъияти Тоҷикистон наздик ба 10 миллион нафар мебошад.
Бонки Рушди Осиё дар соли 2020 барои мубориза бо бемории COVID - 19 кумаки ройгони 50 миллион долларӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода буд.
Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллион доллари он ройгон будааст.
Лентаи хабарҳо
0