https://sputnik.tj/20210419/koronavak-tojikiston-az-chin-vaksina-megirad--1038797289.html
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон
2021-04-19T21:52+0500
2021-04-19T21:52+0500
2021-04-22T12:50+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032670185_0:0:2851:1605_1920x0_80_0_0_a770a4bf379944f626bc9cc6df58b691.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст, 150 ҳазор вояи ваксинаи “Коронавак” аз сӯи тавлидгари чинӣ “Синовак” дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.Ин дуввумин ваксинаест, ки аз сӯи созмону кишварҳои хориҷӣ ройгон дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода мешавад. Қаблан бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” – и сохти Аврупо аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд. Ваксинаи дигаре, ки Тоҷикистон мехоҳад ворид кунад, “Спутник V” – и Русия аст, ки бино ба гуфтаи сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, масъалааш дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи имрӯз, 19 апрел, 35 ҳазору 224 нафар, умдатан кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маорифу илм эмгузаронӣ мешаванд. Бино ба ин манбаъ, дар Тоҷикистон 6 миллиону 714 ҳазор нафар бояд эм шаванд, ки аз ин шумора 1,8 миллион нафар онро аз кӯмакҳои башардӯстона хоҳанд гирифт.
https://sputnik.tj/20210415/shuroi-ulamoi-tojikiston-vaksina-ruzaro-nameshikanad-1038501773.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032670185_122:0:2851:2047_1920x0_80_0_0_86daaea82a3a349507c8e053747f159f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, чин
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, чин
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
21:52 19.04.2021 (Навсозишуда: 12:50 22.04.2021) Чин ба Тоҷикистон ройгон ваксинаи Ковид – 19 – ро таслим хоҳад кард. Тавофуқ ҳосил шудааст
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст, 150 ҳазор вояи ваксинаи “Коронавак” аз сӯи тавлидгари чинӣ “Синовак” дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
“Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби Чин теъдоди мавриди назарро омода мекунад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон нақлиёти ҳавоиро фароҳам хоҳад сохт”, - гуфт Навруз Ҷаъфаров.
Ин дуввумин ваксинаест, ки аз сӯи созмону кишварҳои хориҷӣ ройгон дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода мешавад. Қаблан бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” – и сохти Аврупо аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд.
Ваксинаи дигаре, ки Тоҷикистон мехоҳад ворид кунад, “Спутник V” – и Русия аст, ки бино ба гуфтаи сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, масъалааш дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи имрӯз, 19 апрел, 35 ҳазору 224 нафар, умдатан кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маорифу илм эмгузаронӣ мешаванд.
Бино ба ин манбаъ, дар Тоҷикистон 6 миллиону 714 ҳазор нафар бояд эм шаванд, ки аз ин шумора 1,8 миллион нафар онро аз кӯмакҳои башардӯстона хоҳанд гирифт.