Шарифов ва Нуритдинов пасандози мардумро аз ду бонкӣ муфлисшуда, бармегардонанд

© Sputnik / Амир ИсаевАгроинвестбанк, архивное фото
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Ҳоло, ки Шарифов ва Нуритдинов мудирони махсуси раванди барҳамдиҳии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" таъйин гардидаанд, муваззаф шуданд, ки пасандози мардумро баргардонанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди барҳамдиҳии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бо қарори суди иқтисодии Душанбе оғоз гардидааст, менависад Пресса тҷ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори суд, мудирони махсусе, ки таъйин гардидаанд, бояд пасандози мардумро бозпас баргардонанд.
Гуфта мешавад, Раҳимҷон Шарифов мудири "Агроинвестбонк" ва Фаррух Нуритдинов мудири "Тоҷиксодиротбон" муваззаф шуданд, ки амволи ин ду бонкро ба фурӯш гузошта, аз ин ҳособ пули мардумро ба онҳо бозпас диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Паванди баргардондани пули мардум набояд аз ду сол бештар тӯл кашад.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳоло шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.
Теъдоди умуми амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.
Лентаи хабарҳо
0