https://sputnik.tj/20210615/rahmon-kalidi-du-honai-bunyodkardai-vud---ro-ba-zarardidagon-az-sel-dod-1040228115.html
Раҳмон калиди ду хонаи бунёдкардаи ВУД - ро ба зарардидагон аз сел дод
Раҳмон калиди ду хонаи бунёдкардаи ВУД - ро ба зарардидагон аз сел дод
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рафти барқарорсозии хонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб шинос шуда, ба ду оилаи зарардида аз сел хонаҳои навбунёдашонро тақдим кард
2021-06-15T19:03+0500
2021-06-15T19:03+0500
2021-06-15T19:03+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
хона
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905915_0:41:1920:1121_1920x0_80_0_0_a9b8bc5594011d92a9140cdd39d97dd9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб, ки аз боришоту сел хароб гардиданд, боздид кард. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман хароб шуданд. Инчунин 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид, афзуд манбаъ. Таъкид шудаст, ки феълан бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, тӯҳфа намуд. Ба иттилои котибот, биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳамом ва пешдолон иборат мебошад.Котиблоти раисиҷумҳур илова намуд, ки то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзгор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас карда шудаст.
https://sputnik.tj/20210615/rahmon-vahsh-ruhaftoda-naboshed-sentyabr-honahoi-barqaror-1040212875.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905915_149:0:1856:1280_1920x0_80_0_0_9d02b0a8096fcaf43c1f1cf6b003ea00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисиҷумҳур, кӯлоб, сел, хона, раҳмон
раисиҷумҳур, кӯлоб, сел, хона, раҳмон
Раҳмон калиди ду хонаи бунёдкардаи ВУД - ро ба зарардидагон аз сел дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рафти барқарорсозии хонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб шинос шуда, ба ду оилаи зарардида аз сел хонаҳои навбунёдашонро тақдим кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб, ки аз боришоту сел хароб гардиданд, боздид кард.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман хароб шуданд. Инчунин 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид, афзуд манбаъ.
Таъкид шудаст, ки феълан бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, тӯҳфа намуд.
Ба иттилои котибот, биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳамом ва пешдолон иборат мебошад.
Котиблоти раисиҷумҳур илова намуд, ки то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзгор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас карда шудаст.