https://sputnik.tj/20210615/rahmon-vahsh-ruhaftoda-naboshed-sentyabr-honahoi-barqaror-1040212875.html
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз боздид аз деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба ноҳияи Вахш сафар кард
2021-06-15T11:35+0500
2021-06-15T11:35+0500
2021-07-21T16:26+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вахш
сокинон
боздид
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035179614_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_cfee318cb635cbe7c8fb4d506648c584.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Вахш сафар кард.Манбаъ таъкид доштааст, ки боздиди Президенти кишвар аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. “Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоданҷом дод”, - гуфтааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Зимни мулоқоту суҳбат бо мардуми зарардида Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолӣ даъват намуд, ки ҳеҷ гоҳ руҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд.Ёдрас мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид.Мутаассифона ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210615/rahmon-sokinoni-ofati-tabii-zarardida-abdurahmoni-jomi-1040212040.html
вахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035179614_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_1b18ff7b5e0bab7d1ef010dbeb6426d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сафар, вахш, боздид
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сафар, вахш, боздид
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
11:35 15.06.2021 (Навсозишуда: 16:26 21.07.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон баъди боздид аз деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба ноҳияи Вахш сафар кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Вахш сафар кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки боздиди Президенти кишвар аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд.
“Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоданҷом дод”, - гуфтааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Зимни мулоқоту суҳбат бо мардуми зарардида Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолӣ даъват намуд, ки ҳеҷ гоҳ руҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд.
“Ҳамчунин вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ масъул шудаанд, муваззаф гардиданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳар ҳафта ба Роҳбари давлат аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид.
Мутаассифона ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.