https://sputnik.tj/20210615/obi-tojikiston-foida-hama-raisijumhur-chi-sud-1040228856.html
Оби Тоҷикистон ба фоидаи ҳама: раисиҷумҳур гуфт, истифодаи муштарак чӣ суд дорад
Оби Тоҷикистон ба фоидаи ҳама: раисиҷумҳур гуфт, истифодаи муштарак чӣ суд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Тоҷикистон истифодаи муштараки захираҳои бузурги энергетикии кишварро ба фоидаи ҳамаи минтақа, аз ҷумла давлатҳои узви СҲШ пешниҳод кард
2021-06-15T20:00+0500
2021-06-15T20:00+0500
2021-06-15T19:30+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сҳш
дастгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260339_0:157:2997:1842_1920x0_80_0_0_5146c6b8f0fdd261d4a3f13043f84dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст. Раисиҷумҳур дар суҳбат бо “Ховар” ҳифзи муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлимро таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад, хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон, иттилоъ дод, ки моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. “Умедворем, ки баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи СҲШ замина мегузоранд. Умедворам, дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем”, - изҳор доштаст раисиҷумҳур. Ӯ афзудааст, ки Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда дар СҲШ, ҳамаи пешниҳодҳоро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон дастгирӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210612/mushorikat-strategi-rahmon-mirziyoev-1040173780.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260339_164:0:2831:2000_1920x0_80_0_0_00317643eaabd11f4f300707aa38ec75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фоида, захира, энергетика, муштарак
тоҷикистон, фоида, захира, энергетика, муштарак
Оби Тоҷикистон ба фоидаи ҳама: раисиҷумҳур гуфт, истифодаи муштарак чӣ суд дорад
Роҳбарияти Тоҷикистон истифодаи муштараки захираҳои бузурги энергетикии кишварро ба фоидаи ҳамаи минтақа, аз ҷумла давлатҳои узви СҲШ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст.
Раисиҷумҳур дар суҳбат бо “Ховар” ҳифзи муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлимро таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад, хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.
“Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад”, - таъкид кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, иттилоъ дод, ки моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст.
“Умедворем, ки баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи СҲШ замина мегузоранд. Умедворам, дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем”, - изҳор доштаст раисиҷумҳур.
Ӯ афзудааст, ки Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда дар СҲШ, ҳамаи пешниҳодҳоро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон дастгирӣ мекунад.