"Дӯстонро дар рӯзи сахт мешиносанд": мақолаи Раҳмон дар бораи ҳамсояҳо, марз, СҲШ ва оянда
© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо нашри як мақола аз вазъи минтақавию ҷаҳонӣ гуфта, ба афзалияти ҳамсоядории нек бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таъкид намудааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки имсол ин созмон 20 – сола мешавад, мақола навиштааст.
Дар мақолаи Эмомалӣ Раҳмон, ки зери унвони “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” нашр шудааст, ӯ таъкид кардааст, ки дар стратегияи байналмилалии Тоҷикистон сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи афзалиятнок дорад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст, изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ зикр намудааст, ки имсол ҷумҳурӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад ва дар ин муддат бо 179 кишвари ҷаҳон муносиботи комили дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.
Тоҷикистон, ки имсол раёсат дар СҲШ – ро бар дӯш дорад, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, афзалиятро на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ мебинад.
Тоҷикистон инчунин ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар кори мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад, навиштааст раисиҷумҳур.
Ӯ зикр намуд, ки раванди ҳодисот дар давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат дар танҳогӣ қодир нест, ки бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муборизаи самаранок барад, иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.
“Дар зарбулмасали халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Кишварҳои узви СҲШ дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 ҳамбастагии худро нишон доданд, дар бисёр масъалаҳои мушкил якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки кишварҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усулҳои “Рӯҳи Шанхай” содиқанд”, - омадааст дар матлаб.
Ӯ инчунин аз замони таъсиси СҲШ зикр кард, ки сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба ташкили таҳдоби дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис додани сохтори мукаммалтарро, ки битавонад Чин, Россия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар созмони воҳиди минтақавӣ муттаҳид кунад, шурӯъ кунанд.
Бо дарназардошти вазифаҳои гузошташуда, комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис ёфт ва он кори азими машваратиро анҷом дод.
Таъсиси СҲШ: роҳбарон чӣ ният доштанд
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, мулоқоти сарварони давлатҳои “Панҷгони Шанхай”, ки 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти хос гардид. Дар Душанбе ба “Панҷгонаи Шанхай” номи “Форуми Шанхай” - ро доданд. Маҳз ҳамин қарори дар Душанбе қабулшуда асоси таъсисёбии СҲШ гардид.
Минбаъд, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай мулоқоти сарварони давлатҳо баргузор гардид ва дар он Эъломияи муштарак дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” қабул карда шуд ва дар асоси таҷрибаи андӯхта дар доираи “Панҷгонаи Шанхай”, Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ ба имзо расид.
Дар маҷмӯъ, шароити умумии таъсиси СҲШ ва тамоми марҳилаҳои рушди онро таҳлил ва қайд бояд кард, ки барои зуҳури Созмон дар фазои сиёсии Авруосиё омилҳои зиёди сиёсӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ боис гардиданд, ки муҳимтарин онҳо инҳо мебошанд:
- тахриб шудани системаи дуқутба дар муносиботи байналмилалӣ;
- ташаккул ёфтани тартиботи нави ҷаҳонӣ бар асари фурӯпошии собиқ ИҶШС;
- афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ки дар ҷумлаи онҳо терроризм, экстремизм васепаратизм падидаҳои хатарноктарин буданд;
- татбиқи усулҳои тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ, кидар он кӯшиши рушди муштарак бодарназардошти таҷрибаи муносиботи мутақобила, ки байни кишварҳои минтақа дардоираи "Панҷгонаи Шанхай" бавуҷуд омадаанд, бартарӣ доранд;
- ҷустуҷӯи муштараки механизмҳои нави самарабахш, кибитавонанд ҳамгироии минтақавии кишварҳоро тақвият бахшанд;
- ташаккули услуби нави ҳамкорӣ дарминтақа, ки дарон самтҳои афзалиятнок таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дарҳама соҳаҳо мебошанд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, масъала чунин бамиён гузошта шуд: Созмон бояд қудрат ва қобилият дошта бошад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои узвбошад, ҳамгироиҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар шароити душвори байналмилалӣ роҳандозӣ кунад.
Фаъолияти минбаъдаи СҲШ нишон дод, ки Созмон на танҳо тавонист ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо бомуваффақият шурӯъ кунад, балки ба сохторе табдил ёфт, ки дар фазои сиёсии байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам дорад.
Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳамсоягии некро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миёнояндаи дорои хусусиёти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо кунанд, таъкид кардаст Раҳмон
Ӯ аз ҳамоиши ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе зикр карда, изҳори боварӣ намудаст, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаи назари гуногун боқӣ хоҳад монд ва инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид.
Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар саргаҳи таъсиси он Тоҷикистон низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад, таъкид намудаст Эмомалӣ Раҳмон.