Таъмири генералӣ: IRS роҳкирои Душанбе – Чаноқро боло мекунад?

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
"Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) тасмим гирифтааст, ки шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро таъмири генералӣ кунад
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Далер Мерганов, сухангӯи IRS, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи баргузории як таҳқиқи густарда маълум шудааст, ки 391 ҳазору 190 метри квадратии шоҳроҳ ба таъмир ниёз дорад, аз ин хотир, тасмим гирифт барои ин кор 59 ҳазору 182 тон асфалт ихтисос диҳад.
“Тибқи таҳқиқе, ки ширкат анҷом дод, дар қаламравҳои дараи Варзоб 101 ҳазору 304, водии Зарафшон – 167 ҳазору 580 ва дар масири Шаҳристон то Масчоҳ 122 ҳазору 306 метри квадратии роҳ таъмирталаб аст”, - гуфт Далер Мерганов.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин хотир, тибқи ҳисобу китобҳои ширкат, барои таъмир дар Варзоб 15 ҳазору 742, Зарафшон – 23 ҳазору 776 ва Шаҳристон то Масчоҳ 19667 тон асфалт зарур аст. Ширкат тасмим гирифт, соли равон ин қаламравҳоро пурра аз таъмири куллӣ барорад ва ҳазинаи онро ҳам ихтисос дод
Шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ шоҳраги нақлиётии Тоҷикистон буда, ба ҷуз ҷанубу шимоли худи кишвар, онро бо мамлакатҳои ҳамсояи шимолӣ, бандарҳои баҳрии Осиёву Аврупо низ пайвастааст ва заминаи ҳамлу нақли байналмилалиро фароҳам овардааст.
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд маҳдуд шуд: то кай?
Бино ба як шартномаи консессионӣ бо ҳукумат ва ҳам таъйиди Маҷлиси Олии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқро филиали Ширкати бритониёии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз соли 2010 ба ин сӯ ба зимма дорад.
Тибқи иттилои ширкат, пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расида, дар се минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд кардааст. Шумораи кормандонаш зиёда аз 800 нафарро ташкил медиҳад.

IRS дар бораи болоравии нархномаҳои роҳи пулакӣ: дар назар нест

Дар ҳамин ҳол, шоҳроҳи “Душанбе – Чаноқ” танҳо масирест, ки ҳаракат дар он пулакист ва сарусадоҳое ҳам аз боло рафтани таруфаҳои он шунида мешаванд.
Сухангӯи IRS мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ширкат зарурати тағйири нархномаро намебинад.
“Ҳарчанд дар ин даҳ соли ахир буҳрони ҷаҳонии молиявӣ буд, сатҳи таваррум боло рафт ва як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, анҷом ва техникаҳои пуриқтидор харидорӣ шуданду ширкат корхонаҳои истеҳсоли асфалтро бунёд кард, ҳамзамон таъмири куллӣ ва ҷории даҳҳо километр роҳро анҷом дод, ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард ва чунин нақшаеро ҳам надорад”, - гуфт Далер Мерганов.
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
Шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бо имтидоди 410 километр бо сармоягузории 296 миллион доллар - 281 миллион доллари қарзи Чин бо 2% - и солона то 20 сол ва бақия ҳукумати Тоҷикистон - аз соли 2006 то 2009 навсозӣ шудааст.
Се нақб (“Майхура” - 897, “Истиқлол” - 4998 ва “Шаҳристон” - 5253 метр), 6 плазаи толлингӣ, 24 галерея и 38 пул дорад. Тибқи иттилои ширкати IRS, роҳкиро дар ин масири барои мошинҳои сабукрав - 59 ва боркаш ҳудуди 638 сомониро ташкил мекунад. Аҳолии шафати роҳ аз имтиёз бархӯрдор буда, аз 50 фоиз то 93%-и роҳқироро пардохт мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0