Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд маҳдуд шуд: то кай?

© Sputnik / Амир ИсаевТоннель Истиклол, архивное фото
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Обуна шудан
Ширкати IRS аз маҳдудияи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар дод. Ин маҳдудиятҳо то замони пурра таъмир шудани нақби “Истиқлол” идома меёбанд
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Далер Мерганов, масъули матбуотии ширкати IRS (Innovative Road Solutions) ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар мувофиқа бо сохторҳои зидахл шурӯъ аз 5 июн дар реҷаи ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт тариқи нақби "Истиқлол" маҳдудият ҷорӣ шуд.
“Сабаби аслӣ корҳои таъмиру таҷдид дар ин нақб аст, аз қабили шинондани таҷҳизоти ҳавокашӣ, таҷдиди низоми барқдиҳӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва таъмири фарш. Нақб пурра азнавсозӣ мешавад. Аммо ҳаракат то нақби “Истиқлол” ҳам аз ҷониби Хуҷанд ва ҳам аз тарафи Душанбе ҳамеша барқарор аст. Мардум метавонанд ба маҳалҳои ин масир бираванд. Маҳдудият фақат дар гузаштан аз нақб аст”, - гуфт Далер Мерганов.
Тибқи иттилои ширкати IRS, гузаштани воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Истиқлол” рӯзона аз самти Душанбе ба Хуҷанд соатҳои 07:00 - 10:00 ва аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе аз соати 10:00 то 13:00 имконпазир хоҳад буд. Аз соати 19:00 – и бегоҳ то 06:00 – и субҳ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт бидуни монеа имкон дорад.
Ширкати IRS аз сокинони Тоҷикистон хостааст, ки сафари хешро бо реҷаи мазкур барномарезӣ кунанд.
Нақби 5 – километраи "Истиқлол" муҳимтарин робити шимол бо ҷанубу ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон буда, як гузаргоҳи стратегӣ ба ҳисоб меравад.
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Азим Иброҳим: барои татбиқи нақби "Истиқлол" 5,5 миллион доллар масраф хоҳад шуд
Тарҳи он ҳанӯз замони Шӯравӣ ба вуҷуд омада, сохтмонаш соли 2003 аз сӯи ширкатҳои эронӣ бо ҳазинаи молии қариб 40 – миллиондоллараи Тоҷикистону Эрон шуруъ шуд ва расман 26 июли 2006 аз сӯи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои ширкати IRS, корҳои таҷдиду таъмири нақби “Истиқлол” – ро низ мутахассисони ду кишвар анҷом хоҳанд дод ва ин кор тақрибан се моҳ вақт хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0