https://sputnik.tj/20210404/IRS-pul-alternativa-foida-shirkat-sharih-Khudoyorzoda-1033130846.html
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
Sputnik Тоҷикистон
Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт ва феълан муовини мудири ширкати IRS, дар мавриди таърифу танқидҳо аз кори ширкат, аз ҷумла дар бораи он, ки пул ба... 04.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-04T13:00+0500
2021-04-04T13:00+0500
2021-04-06T15:08+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103035/20/1030352088_0:81:1600:981_1920x0_80_0_0_7ec7be2264d6a3dfba76b60e9c77c332.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки бар асоси созишномаи консессионӣ нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқро ба зимма дорад, мусоҳибаи Худоёрзодаро дар саҳифааш нашр кардааст. Худоёрзода зимни шарҳи моҳияти созишномаҳои консессионӣ изҳор дошт, ки консессиядор уҳдадор аст, шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад.Ӯ зикр намуд, ки феълан Ҳукумати Тоҷикистон бо ду ширкати хориҷӣ шартномаи консессионӣ бастааст, ки яке ширкати энергетикии “Помир энержи” ва дигаре “IRS” мебошад.Худоёрзода тавзеҳ дод, ки шартномаи консессионӣ бо “Помир Энержӣ” ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ мебошад ва ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст.Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” баста шудааст, ки дар асоси ин шартнома механизми истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардид.Дар мавриди танқидҳо аз кори “IRS”, Худоёрзода изҳор доштааст, ки дар марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди истифодабарандагони роҳро ба миён меорад, монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардид.Ӯ инчунин дар мавриди он, ки пули пардохтаи мардум куҷо мешаваду чаро барои роҳе, ки давлат бо қарз сохт, умуман бояд маблағ пардохт гардад, изҳори назар кардааст.“Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ боварӣ ҳосил намуданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад”, - изҳор дошт Худоёрзода.Ӯ дар бораи интиқодҳо, ки аз истифодабарандагон бидуни пешниҳоди роҳи алтернативӣ пул ҷамъ мегардад, ки изҳор доштааст, ки будани роҳи алтернативӣ ҳарчанд яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ҳатмӣ нест.Худоёрзода инчунин зимни тавсиф аз кори IRS гуфт, пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид.“Сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии зиёда аз 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Бар замми ин, роҳбарияти ширкат барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намуд, ки ҳоло маблағи ниҳоӣ ба 50 то 93 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад”, - таъкид кардааст Худоёрзода.Ин суҳбати Худоёрзода дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон аз ношаффоф будани кори IRS интиқод мешуд, ки то ҳол ҳам маълум нест молики он кист. Инчунин ба имтиёзҳое таъкид шуда буд, ки барои ширкати роҳбон дар масири Душанбе – Чаноқ дода шудааст. Дар ҳоле, ки қарзе, ки бо харҷи он роҳ таъмир гардид, аз ҳисоби буҷа пардохт мегардад.
https://sputnik.tj/20210331/Sadamai-margbor-daromadgoh-naqb-Istiqlol-IRS-aks-1033109672.html
https://sputnik.tj/20210205/sokhtmon-sarmoyaguzor-ravona--1032764338.html
https://sputnik.tj/20210301/Tojikiston-Chin-chand-qarzdor-1032916900.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103035/20/1030352088_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_44ef2a8e2b80438080b66e6305426e8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
13:00 04.04.2021 (Навсозишуда: 15:08 06.04.2021) Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт ва феълан муовини мудири ширкати IRS, дар мавриди таърифу танқидҳо аз кори ширкат, аз ҷумла дар бораи он, ки пул ба куҷо меравад, чаро роҳи алтернативӣ несту чаро барои роҳи сохтаи давлат бояд мардум пул диҳанд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки бар асоси созишномаи консессионӣ нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқро ба зимма дорад, мусоҳибаи Худоёрзодаро дар саҳифааш нашр кардааст.
Худоёрзода зимни шарҳи моҳияти созишномаҳои консессионӣ изҳор дошт, ки консессиядор уҳдадор аст, шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад.
Ӯ зикр намуд, ки феълан Ҳукумати Тоҷикистон бо ду ширкати хориҷӣ шартномаи консессионӣ бастааст, ки яке ширкати энергетикии “Помир энержи” ва дигаре “IRS” мебошад.
Худоёрзода тавзеҳ дод, ки шартномаи консессионӣ бо “Помир Энержӣ” ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ мебошад ва ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст.
Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” баста шудааст, ки дар асоси ин шартнома механизми истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардид.
Дар мавриди танқидҳо аз кори “IRS”, Худоёрзода изҳор доштааст, ки дар марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди истифодабарандагони роҳро ба миён меорад, монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардид.
Ӯ инчунин дар мавриди он, ки пули пардохтаи мардум куҷо мешаваду чаро барои роҳе, ки давлат бо қарз сохт, умуман бояд маблағ пардохт гардад, изҳори назар кардааст.
“Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ боварӣ ҳосил намуданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад”, - изҳор дошт Худоёрзода.
Ӯ дар бораи интиқодҳо, ки аз истифодабарандагон бидуни пешниҳоди роҳи алтернативӣ пул ҷамъ мегардад, ки изҳор доштааст, ки будани роҳи алтернативӣ ҳарчанд яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ҳатмӣ нест.
“Ман низ бо мутахассисоне ҳамфикрам, ки гуфта буданд дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ қобили қабул нест. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд”, - гуфт собиқ вазир.
Худоёрзода инчунин зимни тавсиф аз кори IRS гуфт, пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид.
“Сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии зиёда аз 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Бар замми ин, роҳбарияти ширкат барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намуд, ки ҳоло маблағи ниҳоӣ ба 50 то 93 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад”, - таъкид кардааст Худоёрзода.
Ин суҳбати Худоёрзода дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон аз ношаффоф будани кори IRS интиқод мешуд, ки то ҳол ҳам маълум нест молики он кист. Инчунин ба имтиёзҳое таъкид шуда буд, ки барои ширкати роҳбон дар масири Душанбе – Чаноқ дода шудааст. Дар ҳоле, ки қарзе, ки бо харҷи он роҳ таъмир гардид, аз ҳисоби буҷа пардохт мегардад.