https://sputnik.tj/20210611/shavkat-mirziyoev-emomali-rahmon-gusel-1040163330.html
Поёни сафари Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон гусел кард
Поёни сафари Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон гусел кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд ба Ӯзбекистон парвоз кард
2021-06-11T17:50+0500
2021-06-11T17:50+0500
2021-06-11T19:07+0500
эмомалӣ раҳмон
гусел
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040152685_381:82:3072:1596_1920x0_80_0_0_abe236368976471ed9eaaa02278f93c4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ба поён расид. Кишвардори Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз - 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд. Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 санади ҳамкорӣ имзо кардандЭмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард. "Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш тавсиф намуд. Ӯ гуфт, аз дақиқаҳои аввали сафар ба Тоҷикистон, меҳмоннавозии тоҷикон эҳсос мешуд. Шавкат Мирзиёевро ҳамчунин рушди шаҳри Душанбе ба ҳайрат овард."Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон. Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - аксРаҳбарони ду кишвар ҳамчунин рӯзи 10 июн дар консерти бошукӯҳ, ки бо ширкати 250 санъаткори тоҷику ӯзбек баргузор шуд, ширкат карданд ва Раҳмон дар фазои тантанавӣ Мирзиёевро барои таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ бо ордени "Зарринтоҷ" қадрдонӣ намуд.Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.
https://sputnik.tj/20210611/rahmon-kumak-mirziyoev-faromush-1040151161.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040152685_552:12:3072:1902_1920x0_80_0_0_9b9bef1035b3635c802fff9482c35604.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, анҷом, тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
сафар, анҷом, тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
Поёни сафари Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон гусел кард
17:50 11.06.2021 (Навсозишуда: 19:07 11.06.2021) Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд ба Ватан парвоз кард
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ба поён расид.
Кишвардори Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз - 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд.
Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард.
"Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.
Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш тавсиф намуд.
Ӯ гуфт, аз дақиқаҳои аввали сафар ба Тоҷикистон, меҳмоннавозии тоҷикон эҳсос мешуд. Шавкат Мирзиёевро ҳамчунин рушди шаҳри Душанбе ба ҳайрат овард.
"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин рӯзи 10 июн дар консерти бошукӯҳ, ки бо ширкати 250 санъаткори тоҷику ӯзбек баргузор шуд, ширкат карданд ва Раҳмон дар фазои тантанавӣ Мирзиёевро барои таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ бо ордени "Зарринтоҷ" қадрдонӣ намуд.
Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.