Мошин дар масири Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ чаппа шуд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Бар асари чапа шудани мошин мусофири 19 - сола ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ронанда бо ду мусофири худ бистарии беморхона гардид
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар масири Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ бегоҳи 10 июн, тахминан соати 17:20 дақиқа иттифоқ афтод.
Ронандаи 21 - солаи мошини тамғаи "Опел - Вектра", ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 37- уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромад.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Садама дар дили шаб дар Данғара ду қурбониву се захмӣ барҷой гузошт
Дар ҳамин ҳол, мошин бо се мусофир дар канори роҳ чаппа шуд, ки як мусофири 19 - сола, ки сокини шаҳри Ваҳдат буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ меафзояд, худи ронанда ва ду мусофири ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, феълан дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0