https://sputnik.tj/20210611/muhim-dast-ehtirom-putin-tramp-bayden-maslihat-1040158226.html
"Эҳтиром куну нахоб": Трамп пеш аз мулоқот бо Путин ба Байден маслиҳат дод
"Эҳтиром куну нахоб": Трамп пеш аз мулоқот бо Путин ба Байден маслиҳат дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти пешини ИМА Доналд Трамп қабл аз мулоқот бо Путин ба сарвари Кохи Сафед Ҷо Байден баъзе маслиҳатҳо дод
2021-06-11T15:10+0500
2021-06-11T15:10+0500
2021-06-11T15:13+0500
има
владимир путин
доналд трамп
тавсия
дар русия
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/59/1029845966_0:177:3073:1905_1920x0_80_0_0_d85b3bcddbae531f425b5c7bd8ef12a6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба раиси Кохи Сафед Ҷо Байден маслиҳат дод, ки дар мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин хоб накунад. Бидуни эҳтироми Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳолати номусоид қарор дорад, гуфт президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба вориси худ Ҷо Байден пеш аз мулоқот бо ҳамтои руси ӯ Владимир Путин.Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сабқати президентӣ сиёсатмадор борҳо рақиби худро "Ҷои хоболуд" номида буд. Ба гуфтаи сарвари пешини кишвар, мулоқоти ӯ бо Путин дар Ҳелсинки "аъло ва самарабахш" буд, ки дар он ИМА эҳтироми Путин ва Русияро ба даст овард.Сиёсатмадор қайд кард, ки демократҳо он замон симои Русияро чуноне сохтанд, ки гӯё аз пушти он Амрико метавонад чизи зиёдеро аз даст диҳад. Аммо, ба гуфтаи президенти собиқ, вай ба изҳороти бардурӯғ посух надод. Дар паёми худ президент бисёр демократҳоро танқид кард ва гуфт, ки ба Русия бештар аз намояндагони ҳизбҳое, ки дар изҳорот ишора кардаанд, эътимод дорад.Мулоқоти шахсии Путин ва Байден бо ташаббуси ҷониби Амрико рӯзи 16 июн дар Женева баргузор мешавад. Сарони давлатҳо суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус, рӯзномаи байналмилалӣ ва муноқишаҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210601/piruzi--putin-amrikoro-shikast-bayden-zheneva-1039890208.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/59/1029845966_28:0:2759:2048_1920x0_80_0_0_6e84c3b9764b64bbf4ea8dae70b3bcdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳтиром нахоб трамп мулоқот путин байден маслиҳат
эҳтиром нахоб трамп мулоқот путин байден маслиҳат
"Эҳтиром куну нахоб": Трамп пеш аз мулоқот бо Путин ба Байден маслиҳат дод
15:10 11.06.2021 (Навсозишуда: 15:13 11.06.2021) Президенти пешини ИМА, Доналд Трамп қабл аз мулоқот бо Путин ба сарвари Кохи Сафед Ҷо Байден баъзе маслиҳатҳо дод
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба раиси Кохи Сафед Ҷо Байден маслиҳат дод, ки дар мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин хоб накунад.
Бидуни эҳтироми Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳолати номусоид қарор дорад, гуфт президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба вориси худ Ҷо Байден пеш аз мулоқот бо ҳамтои руси ӯ Владимир Путин.
"Ба Байден дар музокирот бо президент Путин барори кор мехоҳам. Дар мулоқот хоб накун ва лутфан орзуҳои беҳтарини маро ба ӯ расон", - гуфт Трамп.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сабқати президентӣ сиёсатмадор борҳо рақиби худро "Ҷои хоболуд" номида буд.
Ба гуфтаи сарвари пешини кишвар, мулоқоти ӯ бо Путин дар Ҳелсинки "аъло ва самарабахш" буд, ки дар он ИМА эҳтироми Путин ва Русияро ба даст овард.
Сиёсатмадор қайд кард, ки демократҳо он замон симои Русияро чуноне сохтанд, ки гӯё аз пушти он Амрико метавонад чизи зиёдеро аз даст диҳад. Аммо, ба гуфтаи президенти собиқ, вай ба изҳороти бардурӯғ посух надод.
Дар паёми худ президент бисёр демократҳоро танқид кард ва гуфт, ки ба Русия бештар аз намояндагони ҳизбҳое, ки дар изҳорот ишора кардаанд, эътимод дорад.
Мулоқоти шахсии Путин ва Байден бо ташаббуси ҷониби Амрико рӯзи 16 июн дар Женева баргузор мешавад. Сарони давлатҳо суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус, рӯзномаи байналмилалӣ ва муноқишаҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.