https://sputnik.tj/20210611/guruhi-haftgona-kishvarhoi-nodor-milliard-voya-voksina-1040154022.html
Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона ба кишварҳои нодор 1 миллиард воя воксина медиҳанд
Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона ба кишварҳои нодор 1 миллиард воя воксина медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи серӯзаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7), ки 11-уми июн шурӯъ мешавад, ба кишварҳои нодор тақдим кардани 1 миллиард дона ё воя воксинаи зидди COVID-19 баррасӣ мешавад
2021-06-11T12:57+0500
2021-06-11T12:57+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
смм
тақдим
кишварҳо
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040153987_0:0:1956:1100_1920x0_80_0_0_581b15bb0c7687b581d6d580b5279eee.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн Sputnik. Дар ин бора нахуствазири Бритониё, Борис Ҷонсон изҳорот дод, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора нагуфт. Бояд қайд кард, ки чанде пеш раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намоянд.Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба таъмини кишварҳои нодор бо воксинаро, нишон диҳанд.Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор дар таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико гуфта буд, ки кишвараш то соли оянда 500 миллион дона воксинаи ширкати Pfizer-ро ба барномаи COVAX хайр мекунад. Тоҷикистон ҳам дар миёни 92 кишвари нодору миёнаҳол узви ин барномаи СММ мебошад. Дар ҷаласаи Гуруҳи ҳафтгона кишварҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Итолиё, Канада ва ИМА иштирок хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210607/narhi-emkuni-rusiya-arzish-vaksina-sputnik-v-1040020807.html
https://sputnik.tj/20210608/smm-voksinai-ziddi-covid-19-1040092248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040153987_16:0:1956:1455_1920x0_80_0_0_955e82389cbabf54d86244a1daf17aa7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
g7, воксина, гурӯҳи ҳафтгона, нодор, ковид
g7, воксина, гурӯҳи ҳафтгона, нодор, ковид
Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона ба кишварҳои нодор 1 миллиард воя воксина медиҳанд
12:57 11.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Дар ҷаласаи серӯзаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона - G7, ки 11-уми июн шурӯъ мешавад, ба кишварҳои нодор тақдим кардани 1 миллиард дона ё воя воксинаи зидди COVID-19 баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн Sputnik. Дар ин бора нахуствазири Бритониё, Борис Ҷонсон изҳорот дод, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора нагуфт.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намоянд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба таъмини кишварҳои нодор бо воксинаро, нишон диҳанд.
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор дар таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико гуфта буд, ки кишвараш то соли оянда 500 миллион дона воксинаи ширкати Pfizer-ро ба барномаи COVAX хайр мекунад.
Тоҷикистон ҳам дар миёни 92 кишвари нодору миёнаҳол узви ин барномаи СММ мебошад.
Дар ҷаласаи Гуруҳи ҳафтгона кишварҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Итолиё, Канада ва ИМА иштирок хоҳанд кард.